Омор дурӯғу нархҳо миёншикан.

То кай пинаки масъулини соҳаро Президенти кишвар мепарронад?

Имрӯзҳо  дар бозорҳои Тоҷикистон нархи нони дуюм ба нони якум наздик мешавад. Ҳоло нархи 1 кг картошкаи истеҳсоли ватанӣ ба  5-6 –сомонӣ  расидааст. “Бало ба пасаш”,- мегӯянд харидорон. Аммо чаро масъулини танзиму назорат дар бозор сабаби ин болоравиро шарҳ намедиҳанд?

Ё интизоранд, ки боз мисли соли гузашта Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пинаки онҳоро парронад?  Ин дар ҳолест, ки ҳамин шабу рӯзи соли гузашта нархи картошка наздик ба 10 сомонӣ расида буд. Ба гуфтаи харидорон, ҳоло  дар бозор  танҳо пиёзу каду аз  дигар  намуди маҳсулоти кишоварзӣ арзонтар аст. Магар  танҳо бо пиёзу каду метавон шиками мардумро сер кард?

Изофанависӣ сари раисро хӯрд

Ҳар сол масъулини Вазорати кишоварзӣ, шаҳру ноҳияҳо барои зиёд кардани кишти картошка талош менамоянд. Баъзан маврид мардумро маҷбур мекунанд, ки дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва  бекорхобида картошка кишт кунанд. Дастандаркорон ҳисобот ҳам медиҳанд, ки кишти картошкаро нисбат ба ҳар сол бештар карданд. Аммо ку истеҳсоли ватанӣ, ки то ҳол пойбанди воридоти беруна ҳастем? Яъне, маълум мешавад, ки омор дурӯғу изофанависӣ бештар! Не?

 Исботи ин ноҳияи Муъминобод аст. Соли гузашта изофанависӣ боиси барканории раиси он Тоҳир Амиршозода гардид. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳам гуфт, омори вобаста ба замини кишти картошка дар ноҳияи Муъминобод, ки ба қавли ӯ дар рӯйи коғаз дигару дар асл дигар буд, боис ба барканории раиси ноҳия шуд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли равон гуфт,  дар ҳоле ки майдони кишти картошкаро дар коғаз 950 гектар навишта буданд, дар асл шаш баробар камтар баромад. Ӯ афзуд: «Маълумот дар бораи 950 гектарро идораи замин пешниҳод кард. Вақте ченаки назоратии сеюм гузарондем, ҳамагӣ 140 гектар замини кишти картошка баромад. Беш аз 900 гектар дар як ноҳия ба изофанависӣ роҳ доданд. Бо изофанависӣ шиками мардум сер мешавад? Асло не!»

Раиси тозатаъини Идораи омори ноҳияи Муъминобод мегӯяд: гап дар бораи 1105 гектар изофанависӣ меравад, на он тавре ки ишора карданд- 900 ё 950 гектар. Талаб Азизов, сардори идораи омори ноҳияи Муъминобод, гуфт: «Раиси пешини идораи омор пешдастӣ кард ва худ аз кор рафт. Масъули омори соҳаи кишоварзиро 4000 сомонӣ ҷарима бастанд. Ӯ низ корро бас карду рафт.» Ана, оқибати изофанависӣ. Ин танҳо пошидани хок ба чашми давлату Ҳукумат аст. Аммо суол ин аст, ки чаро масъулин ба изофанависӣ роҳ медиҳанд?

Президент: “Кишти картошкаро 50 фоиз зиёд кунед!”

Ҳанӯз моҳи апрели соли 2020 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба раисони як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастур дода буд, ки ба кишти картошка таваҷҷуҳ дода шавад. Раисони  ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Нуробод ва Файзобод телефонӣ ба Президент ҳисобот дода буданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ноҳияҳо доир ба вусъати киштукори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ доданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо супориш доданд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, бахусус картошкаро, бознигарӣ карда, майдони кишти онро 40-50 фоиз зиёд намоянд.

Аммо нархи имрӯзаи бозор ва пойбанди воридоти картошка маълум мекунад, ки масъулин ба ин дастури Президент аз паси панҷа нигаристаанд. 

 Иқрори вазир

Ба  андешаи таҳлигарон, изофанависӣ мерос аз даврони шӯравист. Он замон ба хотири иҷрои нақша ва аз даст надодани мансаб истеҳсоли маҳсулотро аз воқеият бештар нишон медоданд. Ҳоло ҳам  зери таъсири ҳамон ақидаҳо мансабдорон ва масъулон аз усули куҳна кор мегиранд. Мақомоти Тоҷикистон изофанависиро, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ рад намекунанд.

 Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ гуфта буд, ки «изофанависӣ ҳангоми пешниҳоди маълумот дар бораи кишту ҷамъоварии ҳосили картошка вуҷуд дорад». Вай гуфт, ки барои парда аз рӯи изофанависон бардоштан остин барзадаанд. Дар Тоҷикистон ба кишти картошка замоне таваҷҷуҳ карданд, ки дар чанд соли охир воридоти он аз хориҷа ба маротиб камтар ва нархаш гарон шуд. Мақомот ба сокинон тавсия доданд, ки бештар картошка кишт кунанд. Аммо бидуни таҳлил, надонистаю нафҳмида, ки дар ин ё он минтақа картошка мерӯяд ё не. Охир ҳастанд минтақаҳое, ки агар ба ҷои картошка дигар маҳсулот кишт карда шаванд, даромад 5- 6 маротиба зиёд мешавад. Баъзе раисон шикоят доранд, ки раиси собиқ ҳамин корро кард, агар мо аз ин роҳ баргардем гунаҳгор месозанд. Яъне дар миёни ду дарё тахтабандем.

Дар Тоҷикистон меъёри истеъмоли картошкаро барои ҳар нафар дар як сол  ба 92 кило баробар аст. Қаблан ин ба 70 кило рост меомад. Ба ин ҳисоб, барои таъмини беш аз 9 миллиону 300 ҳазор аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 830 ҳазор тонна картошка зарур аст. Оморе, ки масъулон чанд соли охир аз ҷамъоварии ҳосили картошка эълон мекунанд, аз ин бештар аст. Аммо боз ҳам кишвар ба камчинии картошка, хусусан, дар анҷоми зимистон ва аввали баҳор, дучор меояд. Аз ин рӯ, коршинсон ба омори ҷамъоварии картошка низ бо чашми шубҳа менигаранд. Ба иттилои расмӣ, кишоварзони тоҷик дар соли гузашта 1 миллиону 20 ҳазор тонна картошка ҷамъ овардаанд, вале Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, гуфт, «на ҳама аз ин миқдор картошка вориди бозор мешавад, зеро то сеяки ин миқдор картошка барои тухмии ҳосили нав истифода мешавад».

Ба гуфтаи вазир, интизор меравад, имсол 1 миллиону 400 ҳазор тонна картошка истеҳсол шавад. Оморе, ки мақомот ҳар замон бо ифтихор дар нишасту бархостҳо ба забон меоранд, вале сокинон ҳар дафъа аз норасоии нони дуюм ва баъзан гаронии нархи он шикоят мекунанд.

Муфтхӯрон дар бозор

Қурбоналӣ Партоев, доктори илмҳои кишоварзӣ дар пасманзари гарон шудани нархи картошка бар ин назар аст, ки ҳоло  кишвар дар таъмини ин навъи ғизо худкифоя нест. Номбурда се мушкилоте  ном бурд, ки дар болоравии нархи картошка бетаъсир нест. Якум, омори  кишту ҷамъоварии картошка, ки аз тарафи мақомот ба Ҳукумат пешниҳод мегардад, чандон саҳеҳ нест. Дуюм, имсол бинобар таъсири коронавирус марзҳо баста шуда, воридоти маҳсулот кам ё манъ шуд. Зеро қаблан ба Тоҷикистон аз Покистон картошка ворид мешуд ва ба коҳиши нарх таъсир мерасонд. Сеюм,   асосан аввали баҳор картошкаи водии Вахш ба бозор ворид мешуд. Аммо хунукии имсола ҳам бетаъсир набуд, ба бозор картошка кам даромада, бештар барои тухмӣ истифода нагардид. Зеро  минтақаи Вахш таъминкунандаи асосии бозори кишвар бо картошка аст. Албатта, ин ҷо омили дигар низ ҳаст: ба иртиботи коронавирус баста шудани марз. Картошкае, ки аз Афғонистону Покистон ворид мешуд, шояд ҳамчун маҳсулоти вилояти Хатлон пешкаш мешуд. Албатта ин санади тасдиқ ношудааст, вале атрофаш гап зиёд аст.

Инчунин, Қурбоналӣ Партоев мегўяд, ки имрӯз дар бозорҳои кишвар аз болои нарх назорат нест.  Сафи  ҳаннотону муфтхӯрон дар бозорҳо рӯ ба афзоиш аст. Дар ин кор шояд масъулини бозор ҳам даст доранд. Танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, агар онҳо ҳам ба ботлоқи масъулини бозор ғӯта нараванд, қодиранд, ки миёнаравҳоро аз байн баранду назоратро аз болои нарх пурзӯр кунанд. Ба деҳқон имкон дода шавад, то ба бозор роҳ ёбаду маҳсулоташро бевосита фурӯшад. Гӯшаи деҳқон набояд, ки бо ном бошаду дар дохилаш фурӯшандаи мардумфиреби дар ғами худу раиси бозор!

Усмон Раҳимзода, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *