“Ҷон”-и нав дар Тутака. Ё корномаи Асадулло Файзуллоеви 85-сола

Дар остонаи солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон рӯйдоди муҳиме дар ҳаёти сокинони як гӯшаи кишвари азизамон, дар рустои Тутакаи ҷамоати Алмосии шаҳри Ҳисор ба вуқуъ пайваст. Дар ин деҳа, ки дар беш аз 30 соли ахир домани худро густурда ва бузург шудааст, мактаби нав кушода шуд.

Мушкили деҳаи нав

Бо баҳонаи ифтитоҳи ин даргоҳи ҷадиди илму маърифат Ҷаббор Носирзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор, Сурайё Дӯстмуродзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рустои мо ташриф оварданд. Даҳҳо нафар аз бошандагони Тутака ва деҳоти атрофи он дар маросими ифтитоҳи мактаб ҳузур доштанд. Он рӯз шодию хурсандии онҳоро интиҳо набуд. Зеро мактаби асосии деҳа, ки соли 2006 бо кумаки молии кишвари Ҷопон бунёд шуда буд, аз маҳаллаи навбунёди деҳаи Тутака дар фосилаи наздики 3 километр воқеъ аст. Дар рӯзҳои сарду боронӣ паймудани ин роҳи дароз барои фарзандони сокинони ин маҳаллаи навбунёд, бахусус донишомӯзони синфҳои поёнӣ бисёр сахту душвор буд. Мушкили бемактабӣ мардуми маҳалларо ба танг оварда буд, аммо онҳо дар ҳалли ин мушкил оҷиз буданд.

Боз шудани гиреҳи муаммо

24-уми апрели соли 2024 Ҷаббор Носирзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор дар мактаби рақами 31-и ин шаҳр бо сокинону фаъолони деҳоти Алмосӣ дидор кард. Дар канори дигарон, Асадулло Файзуллоеви 85-сола, яке аз куҳансолтарин бузургони деҳаи мо низ дар ин мулоқот ҳузур дошт. Ӯ ба раҳбарони шаҳр аз мушкили бемактабии ҳамрустоиҳояш дарди дил кард. Ва дар охири суҳбаташ эълом дошт, ки баъд аз машварат бо фарзандону пайвандони худ тасмим гирифтааст дар як гӯшаи замини  наздиҳавлигиаш, дар маҳаллаи навбунёди деҳа барои ҳамдиёронаш мактаби нав созад. Ин пешниҳод аз сӯи роҳбарони шаҳр ва аҳли нишаст бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Ҳиммати баланди ин марди саховатпеша гиреҳи муаммои бемактабиро боз кард. Дар иҷрои ин кори хайру савоб такягоҳи асосии Асадулло Файзуллоев писари хурдиаш Неъматулло буд, ки дар шаҳри Ҳисор машғули сохтмони хонаҳои маскунӣ мебошад.

Дар ҳудуди шаш моҳ гавҳари мақсуд ба даст омад ва мактаби дуошёна бо 420 ҷойи нишаст қомат афрохт. Дар ин кори хайр фарзандони дигари деҳа, ки соҳибкору тоҷир ҳастанд, дасти ёрӣ дароз намуданд. Мактаб бо кӯшиши ҳамдеҳаи дигари мо Раҷабалӣ Собиров бо оби зерзаминӣ таъмин шуд. Соҳибкорон ва аҳолии маҳалла роҳи мунтаҳӣ ба мактабро бетонпӯш карданд. Рӯзҳои наздик маркази гармидиҳии мактаб ба истифода дода хоҳад шуд.          

Кист ин марди саховатпеша?

Асадулло Файзуллоев фардест, ки ҳамеша барои ободии диёр меандешад. Аксари ҳамдиёрони мо аз ибтикору талошҳои ӯ барои бозсозии масҷиди русто, таъмири роҳҳои байни деҳа ва бунёди маконҳои умумӣ дар зодгоҳаш воқиф ҳастанд.  

Асадулло Файзуллоев зодаи деҳаи Тутака аст. Ӯ баъд аз фориғ шудан аз мактаб дар ҳунаристони техникии шаҳраки Чептураи ноҳияи Шаҳринав таҳсил карда, соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ шудааст. Солиёни зиёд дар муассисаи давлатии нақлиётии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳайси ронандаи кранҳои борбардор фаъолият дошт. Муддате дар студияи “Тоҷикфилм” ронанда буд. Акнун чандин сол аст, ки бознишаста шуда, дар канори фарзандону набераҳо давлати пирӣ меронад.

Подоши кори нек

Дар маросими ифтитоҳи мактаби нав Асадулло Файзуллоев бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор қадрдонӣ шуд. Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни истиқбол аз иқдоми неки ин марди сахӣ гуфт: “Бовар дорем, ки ин кори хайри шумо дар сафҳаи таърихи диёр ҷовидона ба сабт хоҳад расид ва ҳар касе, ки дар мактаби нав таҳсил мекунад, зикри хайри шуморо хоҳад кард”. 

Шамсиддини Қудрат, дӯсти ҳамсол ва дерини Асадулло Файзуллоев аз иқдоми ӯ барои бунёди мактаб дар деҳаашон ситоиш кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар маҳаллаи навбунёди Тутака наздики 90 хонавода зиндагӣ мекунанд. Ва акнун азобу машаққати фарзандони онҳо барои рафтан ба мактаби асосии деҳа, ки дар масофаи 3 километр  дур аз маҳалла воқеъ аст, ба поён мерасад.

Ифтихорофарони деҳи мо

Ҳамдеҳаҳои бузургвори ман бори дигар ифтихорофаринӣ карданд. Онҳо дили бузург, ҳиммати баланд ва саховату накӯкории худро барои обод кардани диёри зарнисори Ҳисори Шодмон як бори дигар ба намоиш гузоштанд.

Бунёду рӯнамоӣ аз мактаби нав, ки барҳақ даргоҳи омӯзиши илму андӯхтани дониш аст, ҳадяи мардуми зодгоҳи ман ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистони азизи мост. Дар назар аст, ки бо мусоидати мақомоти шаҳри Ҳисор мактаби наве, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, дар оянда аз мактаби ибтидоӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаи таҳсилоти умумии асосии рақами 143 табдили ном кунад ва орзуи деринаи мардуми деҳ амалӣ шавад.  

Сад сол пеш устод Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик мактабро “ҷони инсон” номида буданд:

… Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,

Ҷисм аст инсон, ҷон аст мактаб.

Хушҳолам, ки “ҷони нав” ба пайкари инсонҳои худогоҳи зодгоҳам, бахусус насли ҷавон руҳи тоза медамонад ва онҳо аз донишу ақлу хирад бар тани худ “ҷавшан” месозанд, то дар оянда аз газандҳои рӯзгор эмин бимонанд.

Суҳроби ЗИЁ,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *