10 миллион доллар ба бахши хусусӣ. Аз куҷо меояду ба куҷо меравад?

Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузориро дар ҳаҷми ҳудуди 113 млн сомонӣ (зиёда аз 10,3 млн доллар) ба Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 пешбинӣ кардааст. Ин маблағҳо ба куҷо равона мешаванд ва онҳоро киҳо дарёфт мекунанд? 

Аз қабули Барнома то маблағгузорӣ

Ахиран вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ «Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030»-ро баррасӣ карданд.

Барнома дар асоси муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия шуда, давоми татбиқи «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҶТ барои солҳои 2012-2020» мебошад ва дар он сабақҳои андӯхта, пешниҳоду тадқиқоти коршиносону соҳибкорон ва таҷрибаҳои давлатҳои дигар дар ин самт истифода шудаанд.

Ҳадаф аз тасвиби Барномаи мазкур фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди бахши хусусӣ, рақобатпазир кардани ин соҳа ва фаъол сохтани сармоягузорӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Ба ин мақсад барои амалисозии ин Барнома Ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад, ки давоми 5 соли оянда ҳудуди 113 млн сомонӣ (муодили $10,3 млн) маблағ равона кунад.

Аз ин маблағи ҷудошуда зиёда аз 19,1 млн сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, бештар аз 86,8 млн сомонӣ аз ҳисоби шарикони рушд ва 7 млн сомонӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ, яъне соҳибкорони инфиродӣ ҷалб карда хоҳад шуд.

Дар назар аст, ки барои амалисозии нақшаи Барномаи мазкур дар се соли аввал ҳудуди 68 млн сомонӣ равона мегардад.

Бахши хусусӣ чист ва ба давлат чӣ даркор?

Бахши хусусӣ — ин соҳибкории инфиродие мебошад, ки зери назорати давлат қарор надошта, муассиси он шахси воқеӣ ё ҳуқуқии ғайридавлатӣ мебошад. Бахши хусусӣ аз хоҷагиҳо ва ширкатҳое иборат аст, ки ба сармояи хусусӣ тааллуқ доранд.

Таҷрибаҳои кишварҳои пешрафта нишон медиҳанд, ки рушди онҳо аз бахши хусусӣ сарчашма мегирад. ММД ва МММ-и кишварҳои пешрафта аз ин бахш сахт вобастагӣ дорад. Сабаби он сабукиҳо ва имтиёзҳои пешниҳодкардаи давлат ба шаҳрвандон мебошад.

Рушди бахши хусусӣ — ин рушди ММД, заминаи баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон ва омили коҳиши камбағалӣ буда, боиси рушди дигар соҳаҳо мегардад. Масалан, барои рушди соҳаҳои туризм ва саноати кишоварзӣ, ки дар Тоҷикистон ояндадор маҳсуб меёбанд, нахуст рушди бахши хусусӣ на фақат зарур, балки ҳатмист.

Рушди бахши хусусӣ омили муҳими коҳиши муҳоҷирати корӣ низ ҳаст. Бо рушди ин соҳа ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд ва ба ин сабаб мардум бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Аз вазифаҳои Барнома то мушкилоти соҳа

Барои амалӣ гаштани Барнома иҷрои вазифаҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

— амалисозии ислоҳоти институтсионалӣ барои беҳсозии фазои соҳибкорӣ;

— коҳиши мунтазами сарбории андоз барои бахши хусусӣ;

— ҷорисозии таҷрибаи байналмилалӣ дар бораи пурзӯр кардани идораи дастаҷамъӣ (корпоративӣ);

— ташкил ва рушди роҳҳои самарабахши ҷалби маблағҳо;

— таъсиси зерсохтори муосири дастгирии бахши хусусӣ;

— такмили қонунгузорӣ бо мақсади суръатбахшии рушди соҳибкорӣ;

— баландбардории қобилият ва малакаи касбии соҳибкорон;

— таъмини рақобати солим дар иқтисоди миллӣ;

— коҳиши шумораи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ барои пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ;

— тақвияти мубориза бо фасод ва омилҳои пайдокунандаи он;

— соддагардонии расмиёти марбут ба пешниҳоди имтиёзу афзалиятҳо барои субъектҳои соҳибкорӣ;

— такмили тартиботи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон;

— пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки давлатӣ ва ё ҷуброни фарқияти меъёрҳои фоизи бозории қарзҳои имтиёзноки ташкилотҳои қарзии молиявӣ;

— такмили роҳҳои марбут ба муфлис нашудан мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ;

— тақвияти назорати гумрукӣ ҳангоми воридот ва содироти молу маҳсулот;

— устуворсозии эътимоди аҳолӣ ба фондҳои суғурта, нафақа ва сармоягузорӣ;

— баландбардории сатҳи донишҳои иқтисодию молиявӣ ва ҳуқуқии соҳибкорони ватанӣ.

Барнома барои бартарафсозии мушкилоти ҳалношудаи зерини соҳаи бахши хусусӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст:

— мавҷуд будани мураккабии маъмурикунонии андоз ва сарбории начандон баланди андозӣ назар ба давлатҳои минтақа барои фаъолияти соҳибкорӣ;

— начандон таъсирбахш будани тартиботи дастгирии давлатӣ ва танзими соҳибкорӣ;

—  вуҷуд доштани монеаҳои маъмурӣ дар роҳи пешрафти соҳибкорӣ;

— мавҷуд будани назорату санҷишҳои барзиёди фаъолияти бахши хусусӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ;

— рушди нокифояи зерсохтори дастгирии давлатии субъектҳои бахши хусусӣ, аз ҷумла зерсохтори молиявӣ, таълимӣ ва машваратӣ;

— мураккаб будани бархӯрдорӣ ва баҳрамандгардӣ аз имтиёзу афзалиятҳо барои субъектҳои соҳибкорӣ;

— сатҳи нокифояи ҷорисозии технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла рушд наёфтани хидматрасониҳои электронии давлатӣ;

— меъёрҳои фоизии баланди қарзҳои бонкӣ ва рушди нокифояи бозори қарздиҳии дарозмуддат;

— мавҷуд набудани фондҳои давлатии қарздиҳӣ ва кафолатӣ;

— ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ набудани тартиби ҳалли масъалаҳои муфлисшавӣ;

— сатҳи нокифояи донишҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии соҳибкорони ватанӣ.

Чанд мушкиле, ки роҳи ҳал мехоҳанд

Дар сурати дуруст истифода бурдани маблағҳои ҷудошаванда ва  иҷрои вазифаҳои Барнома соҳаи бахши хусусӣ аз мушкилоти имрӯзаи худ комилан озод мегардад. Чунончи, имрӯзҳо соҳибкорони зиёде аз тартиби мураккаби расмиёти ҳуҷҷатҳо, андоз ва боҷи гумрукӣ, назорати бемавриди мақомоти дахлдор ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Яке аз мушкилоти дигари рушди соҳа дуруст истифода бурда натавонистани қарзҳои бонкӣ аз тарафи соҳибкорон мебошад. Сабаби асосии ин муфлисшавӣ нокифоя будани донишҳои иқтисодии шаҳрвандон мебошад.

Мушкили дигари соҳа мураккабии расмиёт ва ҳуҷҷатгузорӣ мебошад. Як соҳибкор барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои дахлдор ва бақайдгирӣ тақрибан 5-6 моҳ такудав мекунад. Барои рафъи ин мушкилот давлат бояд чораҳои заруриро андешад. Ба соҳибкор имконият дода шавад, ки дар муддати кам (масалан 1 ҳафта) барасмиятдарориро ба анҷом расонад. Барои соддагардонии расмиёт таъсиси ҳукумати элктронӣ нақши бориз мебозад.

Таъсиси ҳукумати электронӣ барои рушди бахши хусусӣ заминаи устуворро фароҳам оварда, кори тоҷирону соҳибкоронро садҳо маротиба осонтар мекунад. Бинобар ин, бояд давлат сараввал ҳукумати электрониро таъсис диҳад. Таъсиси ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон чанд монеае дорад, аз ҷумла, суръати сусти Интернет, камбуди таҷҳизоти электронӣ, корношоямии онҳо, технологияи иттилоотиро надонистан ё дар сатҳи паст донистан ва ғайра.

Яке аз мушкилоти муҳими соҳа бовар накардани шаҳрвандон ба кушодани суратҳисоби бонкӣ аст. Яке аз омилҳои ин мушкилот тарси мардум аз он аст, ки маблағҳои онҳо дар бонк муддати дароз ҳифзу нигоҳдорӣ намешавад. Чанд сол пеш «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» муфлис шуданд ва миллионҳо пули мардум то ҳол ногирифта боқӣ монд. Ин амал боиси он шуд, ки эътимоди мардум нисбати бонкҳои кишвар боз ҳам коста гардад. Барои рафъи  мушкилоти мазкур ба давлат зарур аст, ки эътимоди мардумро ба даст оварда, донишҳои иқтисодии онҳоро баланд бардорад.

Омили дигар он аст, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон гароиши динӣ дошта, муомила бо бонкҳои дунявиро ҳаром ва ноҷоиз мешуморанд. Барои бартарафсозии ин мушкилот ҳукумат бояд дар баробари бонкҳои дунявӣ бонкҳо ва ташкилоти хурди қарздиҳии исломӣ низ таъсис намояд. Таҷрибаи бонкҳои исломии ҷаҳон нишон медиҳад, ки ин гуна бонкҳо муфлис намешаванд. Азбаски бештари шаҳрвандони Тоҷикистон гароиши мазҳабӣ доранд, таъсиси чунин бонкҳо ба манфиати давлату миллат хоҳад буд.

Яке аз дигар мушкилоти соҳа фоизи баланди қарзҳо ва кам будани муҳлати қарздиҳист. Фоизи қарзии бонкҳои Тоҷикистон маъмулан ҳудуди аз 18 то 36%-ро ташкил мекунад. Агар шаҳрванд барои шуруи соҳибкорӣ 10 млн сомонӣ қарз гирад, 11-12 млн сомонӣ бояд пардохт кунад. Акнун худатон хулоса бароред, ки дар шароити имрӯза аз ин фоизҳо соҳибкор нагурезад, кӣ мегурезад!? Ба ғайр аз ин муҳлати қарздиҳӣ дар Тоҷикистон маъмулан то 3 солро ташкил медиҳад. Ақаллан бояд он то 5 сол дароз карда шавад.

Андозсупорӣ ва раванди он низ яке аз омилҳои боздошти рушди бахши хусусист. Ҳарчанд сабукиҳо ва имтиёзҳое дар ин самт ҷорӣ карда шуда бошанд ҳам, лекин, чӣ тавре ки ҳамагон шоҳид ҳастем, бахши хусусӣ рушд намекунад. Соҳибкорон аз баланд будани меъёрҳои андоз зиёд шикоят мекунанд, аз ин рӯ, давлатро зарур аст, ки дар ин самт ҷиддӣ чораандешӣ намояд. Ҳамчунин барои рафъи ин мушкилот ҳукумат бояд соҳибкореро, ки тоза ба соҳибкорӣ даст мезанад, то 3-4 сол аз андоз ва боҷи гумрукӣ тамоман озод гардонад.

Мушкилоти дигар назорату санҷишҳои бемавриди мақомоти дахлдор, бе асос талаб намудани пешпардохти андозҳо аз ҷониби мақомот, баланд будани ҷаримаҳои маъмурӣ арзёбӣ мегарданд. Бояд соҳибкор дахлнопазир буда, ҳуқуқҳои ӯ поймол нагардад.

Дигар мушкилӣ набудани бозори рақобати солим дар Тоҷикистон мебошад. Арзонӣ, фаровонӣ ва сифати маҳсулот аз рақобати солими бозор вабаста аст.

Аксаран соҳибкорон аз рафтори кормандони мақомоти андоз, талаботи Стандарти ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, аз корҳои фаҳмондадиҳӣ даст кашидан, аз риоя накардани одоби хизматчии давлатӣ ва ба амалҳои коррупсионӣ даст задани кормандони мақомоти андоз норозигиҳо баён мекунанд.

Рушди бахши хусусӣ аз беқурбшавии асъор низ вобастагӣ дорад.

Миръатуллоҳ АТОӢ, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *