10 санади нави ҳамкорӣ аз натиҷаи сафари Лукашенко ба Душанбе (аксҳо + аудио)
Дар ҳузури сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар шаҳри Душанбе санадҳои зерини байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида шуд:
◄ Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск барои солҳои 2023-2024. Ба ин санад Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Минск Владимир Кухарёв имзо гузоштанд.


◄ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба низоми мусоидати савдои мутақобила;
◄ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон;
◄ Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус дар самти мубориза бо коррупсия;
◄ Созишнома байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
◄ Барномаи “Харитаи роҳ” доир ба ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2022-2026;
◄ Низомномаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ;
◄ Созишнома оид ба ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Беларус вобаста ба тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои вирусология, микробиология, биологияи молекулавӣ, эпидемиология, биотехнология ва фармакология;


◄ Созишномаи тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии маркетинг ва арзишгузории Ҷумҳурии Беларус;
◄ Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Могилёви вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус.
Шарҳ