109 бинои баландошёна, 10 кӯдакистон ва 23 корхонаи нав дар ноҳияи Фирдавсӣ

Дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ 109 бинои баландошёна, 9 бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 8840 ҷойи нишаст, 10 муассисаи томактабӣ барои 2020 кӯдак, 23 корхонаи саноатӣ ва 5 гулгашт бунёд карда мешавад.

Ҳамаи инҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

«Дар соли сипаришуда 909 чорабинӣ иҷро гардида, 77 фоизи нақшаи панҷсола таъмин карда шуд. Ҳамзамон аз 253 чорабинии нақшавии соли 2025 ба ҳолати 31-уми декабри соли 2025-ум 238 чорабинӣ амалӣ гардида, иҷрои нақшаи солона 94 фоизро ташкил медиҳад»,- иттилоъ дод раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *