171 медали хонандагони тоҷик дар олимпиадаи Амрико

Хонандагони як мактаб дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар Олимпиадаи байналмиллалии “FISO”-и Амрико соҳиби 171 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ шудаанд.

Ин олимпиада ба таври фосилавӣ аз фанҳои математика, табиатшиносӣ, забони англисӣ ва санъати тасвирӣ шуруъ аз оғози моҳи март барпо шуда, охири ҳафтаи гузашта кумитаи тадорукот натиҷаҳои онро эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, аз 171 нафар толибилмони “Литсей барои хонандагони болаёқат”, ки дар олимпиада пирӯз шуданд, аксаран аз фанҳои математика ва забони англисӣ медал ба даст овардаанд.

Дар ин мусобиқаи фаннии фосилавӣ аз 26 давлати дунё беш аз 4 ҳазор толибилм иштирок кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, толибилмони литсейи шаҳри Хуҷанд давоми як соли ахир дар олимпиадаҳои фаннӣ ва забономӯзӣ дар кишварҳои Англия, Тайланд, Малайзия, Туркия, Русия, Чин, Амрико, Фаронса, Италия, Ҳиндустон иштирок карда, 313 медал ба даст овардаанд.

Хонандагони ин мактаб дар олимпиадаҳои бонуфузи ҷаҳонии “Дониш” ва “Коперникус” дар кишварҳои Туркия ва Амрико низ ҳузурӣ иштирок намуда, пирӯз шуда буданд.

Дар “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хуҷанд беш аз 250 хонанда шомили ҳаракати олимпӣ буда, ҳоло 42 нафар аз онҳо барои иштироки ҳузурӣ дар олимпиадаи байналмилалии кишварҳои Англия ва Олмон омодагӣ мебинанд.

Инчунин даҳаи дуюми моҳи феврали имсол 28 нафар хонандаи ин литсей ба даври ниҳоии олимпиадаи “ISTEM”-и Олмон роҳхат гирифтанд.

Ин олимпиада аз фанни математика бо забони англисӣ тариқи фосилавӣ доир шуда, дар он 48 хонандаи ин мактаби Хуҷанд иштирок карда буданд. Даври ниҳоии озмун дар шаҳри Франкфурти Олмон санаҳои 19-24-уми июли имсол баргузор мегардад ва дар назар аст дар он аз 96 давлати дунё беш аз 8 ҳазор хонандаи мактаб иштирок мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.