28 номзад дар феҳристи ягонаи умумиҷумҳуриявии ҲХДТ

Феҳристи номзадҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо исми Саидмурод Фаттоҳзода, собиқ муовини аввали ҲХДТ шурӯъ шуда, асомии бархе аз вазирону мансабдорони дигари давлатиро фаро мегирад.

Инак рӯйхати пурраи номзадҳои ҲХДТ ба порлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ даъвати шашум:

1. Фаттоҳзода Саймурод Самад 15 — уми ноябри соли 1958 дар ш. Кӯлоб таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1981 Донишгоҳи давлатии Москва, соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии Минскро хатм намудааст, журналист-ходими адабӣ, сиёсатшинос, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ. Муовини якуми Раиси ҲХДТ;

2. Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло 1- уми феврали соли 1962 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст, ҳуқуқшинос. Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода 18 — уми феврали соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ, соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2000 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст, журналист, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои филологӣ. Муовини Раиси ҲХДТ;

4. Содиқӣ Насиба Нуруллозода 3 – юми майи соли 1968 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1990 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст, филолог, доктори илмҳои фалсафа. Вакили МН МО ҶТ;

5. Мансурӣ Дилрабо Сайдулло 29 – уми  январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1996 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро хатм кардааст, муҳандис- технолог, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, доктори илмҳои техникӣ. Вакили МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. Тағойзода Сумангул Саид 19 –уми декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХД. Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст, ҳуқуқшинос. Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7. Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода 6 — уми октябри соли 1973 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Солҳои 1995 ва 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои филологи тоҷик ва баъдтар иқтисодчӣ хатм кардааст. Вакили МН МО ҶТ;

8. Қосимзода Идигул Тағо 4 — уми январи соли 1968 дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1990 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппаро хатм кардааст, омӯзгор, доктори илмҳои педагогӣ. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9. Амонулло Хайрулло 10 — уми августи соли 1967 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1992 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст, муҳандис-механик, номзади илмҳои техникӣ. Муовини якуми раиси вилояти Хатлон;

10. Матробиён Саодатшо Қосимзода 17 — уми октябри соли 1973 дар ноҳияи Ишкошим таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ, соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоевро хатм кардааст, филолог, номзади илмҳои филологӣ. Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11. Холиқзода Абдураҳим Ғафор. Соли 1968 дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор. Вакили МН МО ҶТ;

12. Табарӣ Абдулло Ҳабибулло 11 — уми феврали соли 1963 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1985 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Кӯлобро хатм кардааст, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ;

13. Маҳмудов Музаффарҷон Ҷусупович 1 — уми ноябри соли 1974 дар ноҳияи Лахш таваллуд шудааст, миллаташ қирғиз, узви ҲХДТ. Соли 1997 Донишгоҳи давлатии технологии Ҷумҳурии Қирғизистонро хатм кардааст, муҳандиси соҳаи энергетика. Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш;

14. Идизода Файзалӣ Фузайлшо 3 — юми январи соли 1977 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст, миллташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ФР, ш. Москваро хатм кардааст, ҳуқуқшинос. Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт;

15. Ҷавҳарова Муҷибахон Одиловна 27 — уми июли соли 1976 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, муҳандис-технолог-механик, хуқуқшинос. Ректори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд;

16. Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода 5 — уми марти соли 1976 дар ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1997 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2009 Академияи хизмати давлатии назди Президенти ФР-ро хатм кардааст, филолог, сиёсатшинос. Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

17. Ҷӯразода Шарофиддин 9 — уми марти соли 1966 дар ноҳияи Турсунзода таваллуд шудааст, миллаташ ӯзбек, узви ҲХДТ. Соли 1989 Техникуми политехникии топографии ш. Москва ва солҳои 1999 ва 2005 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо номи Ш. Шотемурро хатм кардааст, иқтисодчӣ, муҳандис-заминсоз. Директори Институти лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзаминсоз”;

18. Назаров Файзалӣ Насруллоевич 20 — уми октябри соли 1959 дар шаҳри Левакант таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1987 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст, духтури ҷарроҳ. Сардухтури беморхонаи клиникии шаҳри Бохтар;

19. Ҳасанзода Тағоймурод Абдуқодир 2 — юми майи соли 1960 дар ноҳияи Ҷайҳун таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1987 Политехникуми шаҳри Душанбе ва соли 1994 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст, хизматрасонии техникӣ ва таъмири автомобилҳо, механиконии кишоварзӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун;

20. Давлатзода Рухсора 30 — юми октябри соли 1972 дар ноҳияи Б. Ғафуров таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро хатм кардааст, номзади илмҳои филологӣ. Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров;

21. Тешаева Сафиямоҳ Саломовна 23 — юми январи 1974 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ, соли 1997 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст, омӯзгори забони англисӣ. Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ноҳияи Синои ш.Душанбе;

22. Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна 17 — уми феврали соли 1966 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1999 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, соли 2002 Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ ва 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, омӯзгор, иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос. Раиси Ҷамоати шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ;

23. Амирбекзода Ҳабибулло 7 – уми декабри соли 1979 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 2001 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва соли 2013 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм намудааст, ихтисос фаъолияти ҳуқуқи байналхалқӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит. Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ;

24. Давлатзода Зулфия Давлат 13 — уми марти соли 1974 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ, соли 1997 Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо номи М. Назаршоевро бо ихтисоси филологияи шарқ хатм кардааст. Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

25. Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ 23 — юми октябри соли 1989 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ, соли 2011 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм кардааст, ҳуқуқшинос. Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

26. Ҳамдамов Бахтиёр Ортиқович 2 — юми январи соли 1968 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуровро хатм кардааст. Номзади илмҳои филологӣ, дотсент, журналист. Сармуҳарири рӯзномаи “Минбари халқ”;

27. Ёдгорӣ Фирдавс Юнусзода 27 – уми майи соли 1970 дар ноҳияи Ҷ.Расулов таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1992 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст, агроном. Муовини якуми раиси ш. Конибодом;

28. Абдуллозода Фариза Саидқул 23 — юми ноябри соли 1978 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 2001 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, филолог. Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон;

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.