330 ҷарроҳии пайванди узв дар як сол

Соли гузашта дар Тоҷикистон 330 ҷарроҳии пайванди узвҳои бадан, аз ҷумла 222 ҷарроҳии пайванди гурда ва 108 пайванди ҷигар гузаронида шуд.

Дар ин бора  имрӯз, 28 январ дар нишасти матбуотӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вазири тандурустӣ, аз 330 ҷарроҳии пайванди узвҳо дар соли 2025-ум 99-тояш (64 гурда ва 35 ҷигар) дар бадани кӯдакон ва 95-тои дигар дар тани шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирифтааст.

Ҳамчунин, Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт, ки соли гузашта дар кишвар дар умум беш аз 203 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ сурат гирифт. Ин рақам нисбат ба соли 2024-ум 10% ё 20 ҳазор адад зиёд будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *