396 корхонаи нав ва беш аз 13 000 ҷойи кор

Соли 2025 дар Тоҷикистон 396 корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 13 000 ҷойи кор фароҳам шуд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои Шералӣ Кабир, истеҳсоли маҳсулоти ин корхонаҳо дар маҷмӯъ ба 198,75 млн сомонӣ баробар аст.

Ба ҳолати 1-уми январи соли 2026-ум, шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ ба 3 972 расида, назар ба соли гузашта 198 корхона бештар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *