40 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Ҳинд ба Русия меоянд
Дар соли 2026 ба Русия барои кор тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Ҳиндустон меоянд. Дар ин бора агентии «РИА Новости» бо такя ба изҳороти Борис Титов, намояндаи махсуси президенти Русия оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи рушди устувор хабар дод.
Ба гуфтаи Титов, “дар солҳои охир таваҷҷуҳи корфармоёни рус ба муҳоҷирони ҳиндӣ ба таври назаррас афзудааст ва бо ин роҳ метавон қисман камбуди қувваи корӣ дар Федератсияи Русияро ҷуброн кард”.
Агар соли 2022 ба шаҳрвандони Ҳиндустон тақрибан 8 ҳазор иҷозатномаи кор дода шуда бошад, пас соли 2023 ин рақам ба 14 ҳазор расид ва соли 2024 шумораашон то 36 ҳазор афзоиш ёфт. Дар соли ҷорӣ квотаи умумӣ барои ҷалби коргарон аз кишварҳои дорои низоми раводид (виза) тақрибан 235 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора тақрибан 72 ҳазор ҷой маҳз барои шаҳрвандони Ҳиндустон пешбинӣ шудааст.
Барои Ҳиндустон муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз манбаъҳои асосии воридоти асъори хориҷӣ ба шумор меравад. Тибқи натиҷаҳои соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ аз хориҷа ба ин кишвар ба 129 миллиард доллар расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ