4170 сомонӣ нархи як метри мураббаъи бино. Киҳо харида метавонанд?

Дар нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки нархи як метри мураббаъи бино ба ҳисоби миёна 4170 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар нишаст раиси Кумита гуфт, ки «дар нимсолаи якуми соли 2022-юм 588 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд».

Гуфта шуд, ки моҳҳои январ-июни соли 2022 фондҳои асосӣ ба маблағи 1 миллиарду 794 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 5 миллиарду 228 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 65 шаҳру ноҳия нақшаи генералии 64 шаҳру ноҳия тасдиқ шуда, танҳо аз ноҳияи Данғара мавриди баррасӣ қарор дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.