703 ҷойи нави кор дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Соли сипаришудадар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 344,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024-ум 272,3 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиши он120 фоизаст.

Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Руслан Қодирзода дар ин бора иттилоъ дода, гуфт, ки аз 102 корхонаи саноатии қайдшудаи ҳудуди ноҳия дар ин давра 58 адад ҳаҷми истеҳсолотро зиёд, 36 адад ҳаҷми истеҳсолотро кам карда, 8 адад фаъолият накардаанд.

«Соли 2025 дар ҳудуди ноҳия 8 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 703 ҷойи нави кор ташкил гардид. Таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва ба ин васила ташкил намудани ҷойи нави кор зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, оид ба ин масъала пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд»,- афзуд раиси ноҳия.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *