8 ихтисоси нав дар Донишгоҳи техникӣ. Аз роботҳо то автомобилҳои барқӣ
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ қабули донишҷӯёнро дар соли 2025-2026 ба 8 ихтисоси нав оғоз мекунад. Дар ин бора имрӯз, 23 июл ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ихтисосҳои нав инҳоянд:
-роботҳои саноатӣ ва комплексҳои робототехникӣ;
-дизайни маҳсулоти бофандагӣ;
-химия (фаъолияти илмию истеҳсолӣ);
-биотехнология;
-лоиҳакашии системаҳои муҳандисии биноҳо ва иншоот;
-автомобилҳои барқӣ ва гибридӣ;
-дастгоҳҳои бесарнишини парвозкунанда (дронҳо);
-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар сохтмон.

Ба гуфтаи ректор, роҳандозии ин ихтисосҳо ба талаботи бозори меҳнат ва рушди саноати муосир мутобиқ карда шудааст.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар соли равон донишгоҳ гузариш ба таълими рақамиро ҷиддӣ оғоз намуд. Маводи таълимии фанҳои умумӣ ва тахассусӣ ба муҳити рақамӣ интиқол ёфта, дар платформаҳои замонавии электронӣ ҷойгир карда шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ