Қаҳҳор Маҳкамов ба хок супорида шуд

Қаҳҳор Маҳкамов, аввалин Президенти Тоҷикистон ва узви доимии Маҷлиси миллии Тоҷикистон, бо васияти худаш дар оромгоҳи «Сари Осиё», канори мазори ҳамсараш ба хок супорида шуд. Намози ҷанозаи марҳум дар масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб хонда шуд.

Дар маросими видоъ бо Қаҳҳор Маҳкамович Маҳкамов, ки аз субҳи 9 июн ибтидо дар ҳавлиаш пасон дар масҷиди марказии Душанбе сурат гирифт, зиёде аз мансабдорон, аз ҷумла  Қоҳир Расулзода, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Рустами Эмомалӣ, Муродалӣ Алимардон, Сумангул Тағойзода, Сироҷиддӣ Аслов, Саид Нурриддин Саид, Шукурҷон Зуҳуров, Саидмукаррам Абдулқодирзода, ҳамчунин ҳамкорони собиқ ва дӯстони марҳум, аз ҷумла академик Акбари Турсон, собиқ Сарвазир Оқил Оқиловов ва дигар аҳли зиёи кишвар ширкат доштанд. Ба намози ҷанозаи марҳум  Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон имоматӣ кард.

Бино ба гуфти Абдурашид Маҳкамов, бародари марҳум, Президенти нахустини Тоҷикистон аз бемории саратон ранҷ мебурд ва рӯзҳои охир бо хоҳиши худаш ӯро аз бемористон ба хона интиқол дода буданд.

Ҳамчунин, ба гуфти бародари марҳум Қаҳҳор Маҳкамович васият кардааст, ки ҷанозаи ӯро бодабдаба нагузаронанд ва митингу ҷамъомад накунанд. Марҳум пеш аз марг хостааст, ки ӯро дар қабристони «Сари Осиё» канори ҳамсараш, Гавҳар Маҳкамова, ки 64 сол бо ҳам ҳаёти оилавӣ доштанду 4 сол пеш дунёро падруд гуфта буд, гӯронанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандони Қаҳҳор Маҳкамов изҳори тасаллият ироа кардааст, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович дар давоми умри бобаракати худ дар мансабҳои мухталифи роҳбарикунандаи давлатӣ ифои вазифа намуда, тамоми дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии Тоҷикистон сарф кардааст. Мавсуф ҳамчун шахси хоксор, мутахассиси кордон ва роҳбари дилсӯзу ғамхор дар хотири мардуми Тоҷикистон абадӣ хоҳад монд”.

 Ёдовар мешавем, ки нахусти Президенти ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов шоми 8 июн дар синни 84 аз олам даргузашт. Номбурда соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, фаъолияти кориашро ба ҳайси муҳандис дар кони ангишти «Шӯроб» оғоз кардааст. Аз соли 1982 то 1986 раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд. Баъди барканории Раҳмон Набиев аз мақоми котиби аввали кумитаи марказии ҳизби ҳокими вақти коммунист ба ин симат таъин шуд. Соли 1990 раиси Шӯрои Олӣ ва дар поёни ҳамон сол дар порлумон нахустин Президенти Тоҷикистон интихоб шуд.

 Рӯзи 28 августи соли 1991, баъди табаддуллоти давлатӣ Қаҳҳор Маҳкамов низ таҳти фишори эътирозгарон, аз вазифа истеъфо дод ва аз соли 1999 узви умрбоди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аҳли зиёи мамлакат, марги Қаҳҳор Маҳкамовро андӯҳи гарон барои миллати тоҷик унвон мекунанд.

О.НОЗИР     Суратгир:  Д.Саъдуллоев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *