Адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон чӣ ҳол дорад?

3 феврали соли равон Шурои адабиёти тоҷики Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар ҷамъи аҳли адабу фарҳанг ва гурӯҳи устодону донишҷӯёни тоҷик фаъолияти яксолаи худро мавриди баррасӣ қарор дод. Тавре ки муовини раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Ғайрат Маҷид изҳор намуд, ислоҳоти густурдае, ки таҳти ташаббус ва роҳнамоии Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев пиёда мешавад,  ҷиҳати рушди адабиёт, тарғиби маънавияту маърифат, дастгирии шоиру нависандагон, бахусус, эҷодкорони ҷавон хеле мусоидат менамояд.

Вай дар идома саҳми Шӯрои адабиёти тоҷики назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар таҳкими робитаҳои адабӣ, дастовардҳои аҳли адаб дар соли сипаришударо хеле муҳим арзёбӣ намуд.

Раиси Шурои адабиёти тоҷик шоир ва олим Хусрави Саъдуллоҳ гуфт:

 – Соли гузаштаро дар ҳаёти адабиву фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон метавонем чун як соли бобарор ва аз лиҳози чопи китобҳои тоҷикӣ пурбор унвон намоем, – иброз дошт Х.Саъдуллоҳ. – Дар давоми сол қариб 60 маҷмӯаи дастаҷамъиву китобҳои алоҳидаи насрӣ, назмӣ ва илмии адибони тоҷики муқими кишвар интишор гардид. Инчунин, бахшида ба солгарди шоиру нависандагон, олимони адабиётшинос беш аз 15 чорабинии фарҳангӣ, нишасту маҳфилҳои адабӣ гузаронида шуданд. Баргузории ҷашни мавлуди чаҳор адиби тоҷик Бекназар Тӯйназар, Паймон, Абдулло Субҳон ва Юнуси Имомназар, рӯнамоии китобҳои Паймон ва Асадуллоҳ Исмоилзода дар доираи «Мушоираи бародарӣ» аз ин ҷумлаанд.

Тавре ки раиси шуро боз тазаккур дод, дар давоми соли сипаришуда чор нафар эҷодкори тоҷик – Бекназар Тӯйназар, Дилошӯб (Ӯғулой Ҷӯрабоева), Малик Кабиров ва Ҳикмат Ҳикматов ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуданд. Гузашта аз ин, беш аз 15 чорабинии адабиву фарҳангӣ, вохӯриҳои эҷодӣ, рӯнамоии китобҳо баргузор гардиданд.

 – Дар соли 2025 романи «Рӯзгори гузашта»-и нависандаи маҳбуби ӯзбек Абдулло Қодирӣ дар тарҷумаи адиб ва тарҷумони босалиқа Юнуси Имомназар ба забони форсӣ дар Теҳрон ба табъ расид, китоби «Кори дунё”-и Уткир Ҳошимовро Насиба Зайниддинова ба тоҷикӣ баргардон ва онро дар Тошканд нашр намуд, – илова кард Хусрави Саъдулло.

Дар ҷамъомади навбатии Шӯрои адабиёти тоҷик узви Шӯрои адабиёти тоҷики назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, мудири шуъбаи адабиёт ва ҳунари рӯзномаи «Овози тоҷик» Абдулло Субҳон дар бораи рушди назм ва адиб Муҳаммад Шодӣ ба роҷеъ ба вазъи насри бадеӣ дар тӯли соли сипаришуда маълумот ироа карданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки бо мақсади таҳкими равобити адабӣ аз тарафи Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон маҷмӯаи шеърҳои Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бо номи «Саҳарнам» рӯйи чопро дид.

 – Ҷилди дувуми «Девон»-и Паймон таҳти сарпарастии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон нашр шуд. Дар маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» таҳти рукнҳои «Шоирони мо» ва «Адибони мо» шарҳи ҳол ва намунаҳои эҷоди чанд тан аз шоиру нависандагони муваффақи кишвар рӯйи чоп омад. Илова бар ин, китобҳои як қатор эҷодкорони кишварамон, аз ҷумла Чоршанбеи Деҳнавӣ («Яке аз ҳазорон»), Муҳаммад Шодӣ («Аз Рӯдакӣ то Фарзона»), Дилошӯб («Паёми меҳр»), Ҷаъфар Муҳаммад («Мӯяи Омӯя»), Илҳоми Насафӣ («Як қофила шеър») дар Тоҷикистону Эрон низ интишор шуданд,-гуфт Абдулло Субҳон.

 – Дар ҳавзаи адабии тоҷикони Ӯзбекистон наср низ сол аз сол рӯ ба рушжду нумӯъ овардааст ва ин ба далели мусоидати шароите сурат мегирад, ки барои аҳли адабу фарҳанги тоҷик дар кишварамон фароҳам оварда шудааст,-гуфт Муҳаммад Шодӣ.

 Вай пешниҳод намуд, ки роҳандозии таҷрибаи тарҷумаи асарҳои эҷодкорони тоҷик ба забони ӯзбекӣ ва табъу нашри он дар саҳифаҳои нашрияҳои кишвар, ҷалби мунаққидон ва адабиётшиносон ба нақди адабӣ, нашри антологияи наср ва назми шоирону нависандагони тоҷики ҳавза ва ғайра хеле ба мақсад мувофиқ аст.

 Дар ҷаласаи солонаи Шурои адабиёти тоҷики Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон иштирокчиёни он пешниҳод намуданд, ки дар ҷойҳои тоҷикнишини соири вилоятҳои Ӯзбекистон маҳфилу мулоқотҳо бо мардум бояд роҳандозӣ шавад, ки дар тарғиби осори онҳо басо нақши муассир хоҳад бозид. 

Мирасрор АҲРОРОВ,

шаҳри Тошканд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *