Афғонистон ба амнияти ОМ таҳдид мекунад

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров Афғонистонро манбаи асосии таҳдид ба амнияти Осиёи Марказӣ ном бурда, гуфтааст, талошҳои ДИИШ барои мустаҳкам кардани ҷои пояш дар шимоли Афғонистон мояи нигарониҳои ҷиддӣ шудааст.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо маҷаллаи«Международная жизнь” гуфт, ба ақидаи ӯ, манбаи асосии таҳдид ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз қаламрави Афғонистон бармеояд: «Бахусус талошҳои ДИИШ барои мустаҳкам кардани ҷои пояш дар шимоли Афғонистон ва пур кардани сафаш аз ҳисоби ҷангиёни гурӯҳҳои дигари террористӣ нигаронкунанда аст. Сатҳи баланди убуру мурури фаромарзии террористҳои хориҷие, ки бахъди ширкат дар ҷангҳо дар Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ талош доранд ба кишварҳои худ баргарданд, хатари бузург дорад. Теъдоди зодагони кишварҳои СНГ, ки ба сафи гурӯҳҳои «ҷиҳодӣ” пайвастаанд, ба ҳазорон нафар мерасад. Мояи дигари нигаронӣ ба ҳам омадани терроризм бо ҷинояткории муташаккил ва қочоқбарони маводи мухаддир аст.”

Сергей Лавров дар ин мусоҳибааш афзудааст, ки дар чунин шароит «чашм пӯшидан аз аҳамияти ҳузури низомии Русия дар Осиёи Марказӣ ва Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар амри гирифтани пеши роҳи таҳдидҳои амниятӣ ва пуштибонӣ аз субот дар минтақа мушкил аст.”

Вазири хориҷаи Русия дар мусоҳиба бо маҷаллаи «Международная жизнь”, ки ба солгарди 25-уми истиқрори равобити дипломатии Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, гуфт, Русия як шарики муҳими кишварҳои ин минтақа боқӣ мемонад. Лавров аз ҷумла ёдовар шуд, ки тиҷорати Русия бо 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар соли гузашта беш аз 18 миллиард долларро ташкил дода, Маскав дар 10 соли охир ба давлатҳои ин минтақа ба маблағи 6,7 миллиард доллар ёрӣ расондааст. 4 миллиард доллар аз ин маблағ, ба гуфтаи раҳбари идораи сиёсати хориҷии Русия, ёриҳои билоиваз мебошанд.

Дар мактабҳои олии Русия таҳсил кардани 150 ҳазор зодаи Осиёи Марказӣ, ки таҳсили 46 ҳазораш аз ҳисоби буҷаи Русия таъмин мешавад, ва ҳамчунин фаъолияти 7500 корхонаи муштараки Русия дар ин минтақаро Сергей Лавров аз намунаҳои дигари ҳусни ҳамкории Маскав бо ин минтақа номид.

Ӯ ҳамзамон сарусадоҳо дар бораи талошҳои Маскав барои бо зӯр дар зери нуфузи худ нигоҳ доштан ва ҳатто ба эҳёи СССР дар ягон шакли нав азм кардани Русияро ҳарфи пӯч номид ва гуфт: «Иддаоҳо дар бораи ғаразҳои «неоимперӣ”, гузашта аз он, дар бораи нақшаҳои барқарор кардани СССР ба жанри фантастика рабт доранд ва кирои арзёбии ҷиддӣ нестанд. Дар Русия ба интихобе, ки мардумони кишварҳои Шӯравии собиқ дар масъалаи истиқлолашон ва роҳи мустақили рушд карданд, ҳамеша бо эҳтиром назар мекунанд. Мо ҳамкориро бо онҳо дар шаклҳои гуногун танҳо дар асоси баробарӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар ба роҳ мемонем.”

Нигарониҳои амниятӣ аз самти Афғонистон ва зарурати таҳкими ҳифозати 1400 километр марзи Тоҷикистон бо он кишвари ҷангзада дар ҷараёни музокироти рӯзҳои 27-28 феврали ахири раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе низ аз мавзӯъҳои асосӣ буд. Путин баъди он мулоқот ба хабарнигорон гуфт, ҷиҳати ҷалби нирӯҳои пойгоҳи 201-уми Русия барои ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дастур додааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *