Афзоиши рекордии ҷаҳонгардон дар вилояти Хатлон
Соли 2025 беш аз 1 миллиону 647 ҳазор ҷаҳонгард аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан кардаанд, ки назар ба солҳои пеш бамаротиб бештар мебошад.
Тавре Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, вилоят дорои 940 ёдгории таърихӣ, фарҳангӣ ва бостонӣ ва 156 мавзеи сайёҳӣ мебошад, ки таваҷҷуҳи меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб мекунад.
Ҳамчунин, дар Хатлон 18 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, дар шаҳру ноҳияҳо 78 мағозаи махсуси фурӯши армуғон барои ҷаҳонгардон ташкил гардидааст.
Ин омор нишон медиҳад, ки Хатлон ба яке аз марказҳои муҳими сайёҳии Тоҷикистон табдил ёфтааст ва имкониятҳои рушди соҳаи туризм дар вилоят рӯз ба рӯз афзун мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ