Акнун занҳои рус ҳам зидди Манижа,ин чӣ асрор аст?
Ин мушкилоти на танҳо занони Русия, балки занони тамоми ҷаҳон аст.
Акнун занҳои рус ҳам зидди Манижа,ин чӣ асрор аст?
Ба Кумитаи тафтишотии Русия (СКР) «Иттиҳоди занони православӣ» -и Русия дархост фиристодаанд, то суруди Манижа Сангин «Зани рус» — ро барои қонуншиканӣ баррасӣ кунанд.
Наталя Дмитриевская, раиси бахши минтақавии Иттиҳоди занони православӣ дар Маскав ба Teleprogramma.pro сабиб инро чунин гуфтааст: “Суруди Russian Woman, ки барои Евровидение — 2021 пешниҳод шудааст, ибораҳои таҳқиромезро дар бар мегирад ва нишон додани ин дар Аврупо, «чандон хуб нест».
Манижа дар суруди худ сатри «Синну солатон аллакай аз 30 гузашт, салом, канӣ кӯдакон?» -ро месарояд.
Ин мушкилоти на танҳо занони Русия, балки занони тамоми ҷаҳон аст. Ин боиси таассуф аст ва наметавонад мавриди ситоиши як зани нерӯманд бошад. Вақте, ки зан аз 30-сола боло аст, аммо шавҳар накардааст ва фарзанд надорад, ин аламовар аст. Ин чӣ хубӣ дорад? » — гуфтааст Дмитриевская
Намояндаи Иттиҳоди занони православӣ либоси сарояндаи зодаи Тоҷикистонро низ ба баҳс кашида, онро аҷиб хонд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ