Амонатбонк ғолибони озмуни «VISA-ҳамеша наздик»-ро бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ кард
6-уми феврали соли ҷорӣ дар Амонатбонк маросими ҷамъбасти озмуни «VISA – ҳамеша наздик» баргузор гардид. Озмуни мазкур аз 1-уми сентябр то 31-уми декабри соли 2025 ҷараён дошт ва ҳадафи он ташвиқи истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои VISA буд.
Тибқи шартҳои озмун, муштариёне, ки тавассути кортҳои VISA амалиётҳои ғайринақдиро бештар анҷом додаанд, аз ҷумла интиқоли маблағ тавассути Visa Direct ва Visa+ дар барномаи «Амонатмобайл», пардохти хизматрасониҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин анҷом додани харидҳои онлайн дар платформаҳои дохилию хориҷӣ, имкони ғолиб шуданро доштанд.



Дар натиҷа, тариқи барномаи дохилибонкӣ се нафар муайян гардиданд, ки шумораи бештари амалиётҳои болозикршударо анҷом додаанд. Ғолибон дар фазои тантанавӣ бо туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла iPad Air, MacBook Pro ва iPhone 17 Pro сарфароз гардонида шуданд.


Ҳамзамон, як қатор мизоҷони доимии Амонатбонк барои истифодаи фаъолонаи кортҳои VISA бо туҳфаҳои брендии Амонатбонк қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Амонатбонк бо ташкили чунин озмунҳо ба рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири бонкӣ ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ миёни аҳолӣ мусоидат менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ