Амонатбонк соҳиби ҷоизаи тиллоии “Бренди сол” шуд
26-уми апрели соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Бренди сол – 2022” таҳти унвони «Қуллаи Шараф» баргузор гардид.
КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо назардошти доираи фарогирии шабакаҳо, иқтидор, мавқеъ, нишондиҳандаҳои молиявӣ ва ҷиҳати саҳми бевосита гузоштан дар татбиқи сиёсати молиявӣ ва рушди устувори иқтисодиёти мамлакат бо ҷоизаи тиллоии «Бренди сол 2022» сарфароз гардонида шуд.
Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур, ин ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо, ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодабарии брендинг мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло Амонатбонк тавассути 75 филиал ва 547 адад марказҳои бонкӣ ба 25 ҳазор корхонаю ташкилот, зиёда аз 784 ҳазор нафар нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,8 миллион нафар амонатгузорон хизмат мерасонад. Бештар аз 3 000 нафар корманди бонки мазкур ин масъулиятро бар зимма доранд ва талош мекунанд, ки хизматрасонии босифатро ба мизоҷони худ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ анҷом диҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ