Тоҷик муовини Президенти Қазоқистон шуд

Акбарҷон Исмоилов, яке аз тоҷикони муваффақи муқими Қазоқистон, ки соли 2022 узви Шӯрои Ассамблеяи халқи Қазоқистон гардида буд, якҷо бо Аурика Дяк муовинони раиси Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон таъин шуданд.

— Дар ин хусус фармони дахлдорро Қосимҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури ин кишвар имзо кард,- хабар медиҳад сомонаи Akkorda.

Акбарҷон Исмоилов соли 1988 дар вилояти Улутави Қазоқистон таваллуд шудааст. Таҳсили миёнаро дар шимоли Қазоқистон гирифта, соли 2016 Донишгоҳи Мадинаро хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ ба соҳибкорӣ машғул шуда, се ширкати тиҷоратиро бунёд намудааст. Аз соли 2017 то 2022 роҳбари Маркази тоҷикони шаҳри Остона буд. Аз моҳи сентябри соли 2022 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон аст.

Аз соли 2017 узви Ассамблеяи халқи Қазоқистон буд. Аз соли 2022 узви Шӯрои Ассамблеяи халқи Қазоқистон дар назди Президенти Қазоқистон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *