Блогери маъруф Ҳусейн Ҳасанов дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Блогери маъруф Ҳусейн Ҳасанов ба Китобхонаи миллӣ ташриф овардааст. Меҳмонро муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода пешвоз гирифтааст.

Бино ба иттилои бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи КМТ, меҳмонро роҳбаладон ба сайри китобхона бурда, доир ба таърихи ин кохи маърифат маълумот додаанд. Меҳмон аз толорҳои феҳристнигорӣ, хизматарсонӣ ба истифодабарандагон, осорхонаҳои китоб, дастхатҳои Шарқ, китобҳои тозанашр ва дигар ҷойҳои дидании макони пурганҷ боздид ба амал овардааст.

— Дар осорхонаи Китобхонаи миллӣ таваҷҷуҳи меҳмонро қадимтарин китоби китобхона ҷалб намуд, ки «Таърихи Табарӣ» ном дорад ва аз асри 13 нигоҳдорӣ мешавад. Ҳамчунин, блогери шинохта бо китобчаи «Қуръони Карим», ки худтарин китоби шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир буда, 1,6 грамм вазн дораду тавассути заррабин мутолиа карда мешавад, ошно шуд. Боздид аз Китобхонаи миллӣ барои меҳмон пурхотира ва дилнишин буд. Блогери номдор сафарашро ба Китобхонаи миллӣ наворбардорӣ менамуду аксҳо мегирифт. Ҳусейн Ҳасанов дар охир таассуроташ аз ин диду боздидро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Китобхонаи миллӣ сабт намуд. Ҳамчунин, аз номи Китобхонаи миллӣ ба меҳмон китобҳои “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”-и Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони русӣ тақдим шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *