НБО «Сарбанд». Президент чархаи охирини онро пас аз навсозӣ ифтитоҳ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд”-и Левакант боздид кард ва дар он чархаи рақами 1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар додааст.

Чархаи нав иқтидораш 39 МВт пас аз таъмири ҳамаҷониба ва навсозӣ ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомдодашуда ва навсозии маҷмааи барқи обӣ баҳои баланд дода, афзудааст, ки ин боз як қадами дигар барои расидан ба сатҳи комили истиқлоли энержии кишвар аст.

Қобили зикр аст, ки НБО “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин НБО дар кишвар дар дарёи Вахш аст.

Иқтидори пешбинишудаи нерӯгоҳи барқи обӣ пас аз анҷоми кор ба 270 МВт мерасад.

Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” дар заминаи нерӯгоҳи “Шаршара” ҳанӯз соли 1956 оғоз гардида, аввалин гидроагрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст.

Бинобар истифодабарии тӯлонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии нерӯгоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буд.

Лоиҳаи барқарорсозӣ аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд 136 миллион доллар маблағгузорӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *