Андреа Меза аз Мексика «Зебосанами ҷаҳон» интихоб шуд

Ба панҷ пешсафи озмун духтарон аз Бразилия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Доминикан ва Перу шомил шуданд.

Ғолиби озмуни «Зебосанами ҷаҳон» (Miss Universe) иштирокчӣ аз Мексика — Андреа Меза гардид. Дар ин бора дар Инстаграми расмии озмун хабар дода шуд.

Тоҷро ба ӯ барандаи соли 2019, модели Африқои Ҷанубӣ Зосибини Тунзи дод. Ғайр аз ин, ба панҷ пешсафи озмун духтарон аз Бразилия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Доминикан ва Перу шомил буданд.

Меза сеюмин намояндаи Мексика шуд, ки тавонист ин унвонро ба даст орад. Қаблан ҳамватанонаш солҳои 1991 ва 2010 ин ҷоизаро дарёфт карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *