«Асосҳои ҳуқуқии журналистика»-китоби нави устоди ДМТ Қироншоҳ Шарифзода
«Асосҳои ҳуқуқии журналистика»-китоби нави рӯзноманигор ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Қироншоҳ Шарифзода аз чоп баромад. Ин асар аз 320 саҳифа иборат буда, ҳамчун дастури илмӣ-амалӣ барои рӯзноманигорон ва донишҷӯёни ихтисосҳои журналистика таҳия шудааст.
Дар тақризи китоб профессорон Шукрулло Ғаюрзода ва Қобилҷон Қурбонов таъкид мекунанд, ки муаллиф танҳо ба баррасии масъалаҳои назариявӣ иктифо накарда, таҷрибаи амалии расонаҳои кишвар, аз ҷумла муваффақият ва нокомии онҳоро дар қазияҳои додгоҳӣ, мавриди таҳлил қарор додааст.
Ба гуфтаи онҳо, китоб маҳсули таҷрибаи чандинсолаи муаллиф буда, ҳадафи он тарбияи рӯзноманигороне мебошад, ки на танҳо қодир ба таҳияи маводи касбӣ ҳастанд, балки метавонанд ҳуқуқи худро дар доираи қонун ҳимоя намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Қироншоҳ Шарифзода таҷрибаи қариб 50-солаи фаъолияти рӯзноманигорӣ дошта, беш аз 30 сол аст, ки дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ