Асрори маҳбубияти Куруши Бузург
Медонед чаро Куруши Бузург то ин замон назди тамоми мардуми ҷаҳон маҳбуб аст?
Дар қисмате аз Маншури Куруши Бузург омадааст, ки чунин мегӯяд:
— Бигузоред ҳар кас ба оини хеш бошад;
— Занонро гиромӣ бидоред;
— Фурӯдастонро дарёбед;
— Ҳар кас ба забони қабилаи худ сухан бигӯяд;
— Фармонравое, ки ҳамдили мардуми хеш набошад сияҳрӯзтар аз ҳама сарнагун хоҳад шуд;
— Пас аз қавли ман ба Ҷабборони ин ҷаҳон бигӯед, ки аз зулмати хеш ҳатто палоспорае ба гӯр нахоҳед бурд ва ба ояндагон ва наёмадагон бигӯед, ки ӯ, ки дӯст медорад, дӯстдошта хоҳад шуд. Ӯ, ки бар мардумонаш ситам кунад, дере намеравад, ки роҳ ба Дӯзах кушояд. Ин сухани ман аст. Ман писари Мондоно ва Камбуҷияам, ки ҷаҳонро ба адолат ва озодӣ фаро хондаам.
Дуруд ба Куруши Бузург!
Толиб САИДОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ