Аз квота барои донишҷӯён то омӯзиши таҷрибаи Ҷопон. Мулоқоти ректори ДМТ бо Аики Тосихиро

4-уми апрели соли равон вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода боСафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар шаҳри Душанбе Аики Тосихиро, мушовир, муовини роҳбари намояндагии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томонори Ҳасегава ва ёрдамчии масоили илмию фарҳангии Ҷопон Шероз Джураев баргузор гардид.  

Ҷонибҳо дар самти дурнамои рушди ҳамкориҳо, аз ҷумла муносибатҳои илмию таълимии Тоҷикистону Ҷопон, баргузор намудани семинару машваратҳои илмию таълимӣ, равобити устодону донишҷӯён дар самти такмили ихтисос, чопи китобҳои илмӣ – таълимӣ табодули афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода намуда, барои донишҷӯёни тоҷик бурсияҳо ҷудо намудааст. Ин иқдом метавонад табодули олимони ҷавон ва донишҷӯёни тоҷикро ҷиҳати омӯзиши илмҳои муосир ба роҳ монад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва тақвият бахшидан ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ба Ҷопон сафар намуда буданд. Дар ин сафар ҳайати донишгоҳ бо фаъолияти марказҳои илмию технологияҳои Ҷопон шинос шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *