Автобусе, ки ба дарё чаппа шуд, ронандаи он тоҷик будааст

Автобусе, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ба дарё чаппа шуд, ронандаи он шаҳрванди Тоҷикистон Қурбон Раҳматови 44 сола будааст.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш 7 нафар ба ҳалок расидаанд.

Ҳамсари ронанда гуфтааст, ки шавҳараш пеш аз садама 20 соат бе танаффус кор карда, баъди ҳамаги 4 соат хоб кардан боз ба кор баромадааст. Аниқтараш ӯро аз ҷои кораш занг зада гуфтаанд, ки зуд ба кор барояд.

Айни ҳол ронанда боздошт шуда, нисбати ӯ корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *