Аввалин президенти Эрон вафот кард
Абулҳасан Банисадр, ки баъди инқилоби исломии соли 1979 дар Эрон нахустин президенти ин кишвар интихоб шуд, даргузашт, иттилоъ дод хабаргузории ИРНА. Ӯ 9 октябр дар синни 88-солагӣ вафот кард. Банисадр соли 1933 дар оилаи оятуллоҳ Сайёд Насруллоҳ, хатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Теҳрон таваллуд шудааст. Солҳои 60-уми асри гузашта ду бор барои аъмоли зиддиҳукуматӣ зиндонӣ шуда, баъдан ба Фаронса фирор кардааст. Банисадр тайи 17 сол дар донишгоҳи Сорбон таҳсил карда ва дарс додааст. Абулҳасан Банисадр моҳи феврали соли 1979 ба Эрон баргашта, соли 1980 якумин президенти интихобшудаи ин кишвар бо роҳи демократӣ гардид. Аммо соли 1981 Маҷлис, парлумони якпалатаии Эрон нисбати Банисадр импичмент эълон кард. Далели ин иқдом фаъолияташ зидди руҳониёни Эрон арзёбӣ шуда будаст. Баъди ин Банисадр ба Фаронса гурехта, то охири умр дар он ҷо монд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ