Президент духтарашро вазир таъин кард. Ӯ 22 сола аст…

Рамазон Қодиров, президенти Чеченистон, Оиша, духтари калонии худро вазири фарҳанги ин кишвар таъин таин кард. Дар ин бора раиси порлумони Чеченистон, Муҳаммад Довудов, дар Instagram хабар дод. Вай 8-уми октябр навишт: «Аз номи худ ва аз номи вакилони порлумон ҷияни азизам Оиша Қодироваро ба муносибати вазири фарҳанги Чеченистон таъин шуданаш самимона табрик мегӯям.» Оишаи 22-сола аз моҳи сентябри соли 2020 дар мансаби муовини вазири фарҳанг кор мекард. Аз ин пеш мудири хонаи муди «Фирдавс» буд. Намоиши либосҳояш дар Парижу Дубай, Маскав ва Грозний баргузор шудааст. Хадиҷа, духтари 21-солаи Рамазон Қодиров, мудири шуъбаи таълими томактабии ҳукумати Грозний, пойтахти Чеченистон аст. Хасмуҳаммад Қодиров, бародари сисолаи раҳбари Чеченистон, моҳи марти имсол шаҳрдори Грозний таъин шуд. Сарвазири Русия Михаил Мишустин моҳи феврали соли 2020 амакбачаи Қодиров – Одес Бойсултоновро муовини вазири варзиши Русия таъин кард. Дар умум, тибқи маълумоти Kavkaz.Realiy, тақрибан 100 хешованди Қодиров дар вақтҳои гуногун ва дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кардаанду мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *