Ҳаётой Муъминова захмҳои дилашро мешӯяд?

-Соли нав муборак, апаи Ҳаётой!

-Мамнунам! Аз байни ин қадар мухлисони бешумор шумо аввалин шуда, маро бо соли нав табрик кардед. Бисёр хурсанд шудам.

-Ман журналисти ҳафтаномаи “Оила” Рустам Азимӣ ҳастам ва мехоҳам ба хонандагони сершумори нашрияамон дар бораи бурду бохти зиндагии «моҳичаи тиллоӣ» маълумот диҳам…

-Оҳ, шумо доночае! Аз газетаи “Оила” бошед, бо камоли майл бо шумо суҳбат мекунам. Дар ҷое, ки оила ва калимаи оила аст, он ҷо муқаддастарин ҷой аст.

-Соли 2018 бо кадом хотираҳояш дар лавҳи хаёли шумо нақш хоҳад баст?

-Имсолро ман ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард, чунки як пораи дилам, келини меҳрубонамро, ки барои ман мисли духтар азиз буд, рабуд. Ҷигарам то ҳол барои келинакам месӯзад. Дилам аз дарду ғам як кӯза зардоб гаштааст, вале чӣ кунам, ки зиндагӣ маҷмӯаи дарду ғам аст… (Ҳаётой Муъминова ин суханонро ба забон оварда, гирён мешавад)

-Бедили бузург гуфтааст:

Зиндагӣ бар гардан афтодаст, Бедил чора чист?

Шод бояд зистан, ношод бояд зистан.

Инсон пеши тақдири илоҳӣ бечора аст ва новобаста ба ҳама фоҷиаву дарду аламҳое, ки аз сарамон мегузарад, зиндагӣ идома дорад ва мо бояд тавре умр ба сар бибарем, ки аз худ ёдгори неке боқӣ гузорем…

-Зи ҳушёрони олам ҳар киро дидам, ғаме дорад,

Дило девона шав, девонагӣ ҳам одаме дорад.

Новобаста ба ҳама дарду ғамҳо аз пайи эҷод ҳастам, то захмҳои диламро бо суруд бишӯям. Таронаи наве омода намудам бо номи “Лутф” ва Худо хоҳад, шаби соли нав бо ин суруд хотири мухлисонамро шод хоҳам кард.

Суҳбторо Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *