Аз 1-уми феврал барқ барои электромобилҳо қимат мешавад

Аз 1-уми феврали соли равон дар Тоҷикистон нархи барқ барои нақлиёти барқӣ тағйир меёбад.

Гуфта мешавад, мувофиқи нархномаи нав, ки қарор аст аз аввали моҳи феврал мавриди амал қарор гирад, нерӯи барқ барои истифодабарандагони нақлиёти барқӣ – автобус ва троллейбусҳо, ки дар тобеияти мақомоти давлатиянд, 6 дирам боло рафта, 41,37 дирам барои ҳар кВт/соат муқаррар шудааст.

Барои нуқтаҳои нерӯдиҳии воситаҳои нақлиёти барқӣ, ки ба фаъолияти тиҷоратӣ мансубанд, ҳудуди 14 дирам боло рафта, 94,65 дирам барои ҳар кВт/соат пардохт хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *