Аз Маликаи Саразм то Зебунисо Рустамова. Таассурот аз Форуми ҷавонон
Пешгуфтор
![](https://pressa.tj/wp-content/uploads/2023/05/photo_2023-05-05_08-53-58-730x402.jpg)
Аз 26 то 29-уми апрел форуми ҷавонон таҳти унвони «Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ» дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Ба ин мақсад як ҳайат иборат аз рӯзноманигорон ва блогерон аз тарафи Кумитаи ҷавонон ва варзиш роҳ сӯи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро пеш гирифтанд. Ҳадафи пресс-тур ошноӣ ва тарғиби ҷойҳои таърихиву фарҳангии кишвар дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Дар роҳ
![](https://pressa.tj/wp-content/uploads/2023/05/photo_2023-05-04_14-52-10-730x399.jpg)
Рӯзи 27-уми апрел ду микроавтобус мусофиронро гирифта, сӯи вилояти Суғд равон шуд. Шароити микроавтобус хуб буд, барҳаво, васеъ. Инчунин барои таъмини амният ва саломатӣ кормандони БДА ва як духтур бо парастор моро ҳамроҳӣ карданд.
Роҳ ба сӯи Зосун
![](https://pressa.tj/wp-content/uploads/2023/05/photo_2023-05-05_08-45-05-730x368.jpg)
Дастаи ҷавононро зуҳри рӯзи 27-уми апрел дар маркази ноҳияи Айнӣ бо нону намак ва гулдастаҳо пешвоз гирифтанд. Пас аз он даста мақбараи шоири машҳур Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ воқеъ дар деҳаи Зосунро зиёрат карда, инчунин аз хона-музейи ин шахсият низ дидан намуданд. Зимни дидор ходимони ин хона-музей меҳмононро бо кору фаъолияти ин шахсият, аз ҷумла лаҳзаи таърихии чӣ тавр террор шудани ӯ ошно карданд. Қобили зикр аст, ки ин хона-музей хонаи шахсии худи Туғрал буда, дар замонаш яке аз беҳтарин иморатҳои ҳамин дара маҳсуб меёфт ва то ҳол дар ҳамон шакл нигоҳ дошта шудааст. Дар хона-музей чизу чораи рӯзгор ва осори шоир нигоҳдорӣ карда шудаанд.
Аз Зосун ба Панҷрӯд
![](https://pressa.tj/wp-content/uploads/2023/05/photo_2023-05-04_14-51-17-730x382.jpg)
Бегоҳии рӯз гурӯҳ аз Зосун ба деҳаи Панҷрӯд барои дидору ошноӣ бо мақбара ва осорхонаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сафар карданд. Дар Панҷрӯд низ сокинони маҳаллӣ меҳмононро хуш истиқбол гирифта, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ин абармард, чӣ тавр пайдо ва барқарор сохтани чеҳраи ӯ, хидматҳои С. Айнӣ барои пайдо кардани гӯри ӯ ва ғайра гуфта шуд. Хона-музейи Рӯдакӣ низ ба як ҷои обод табдил ёфта, дар он муҷассамаву тасвирҳо ва нигораҳо аз ҳаёт ва эҷодиёти ӯ гузошта шуда баданд. Ҳавои хуш ва табиати беназир ба инҷо ҳусни иловагӣ мебахшид.
Дар осорхонаи Панҷакент ва Саразм
![](https://pressa.tj/wp-content/uploads/2023/05/photo_2023-05-04_14-51-31-730x383.jpg)
Пас аз он гурӯҳ роҳ сӯи Панҷакентро гирифта, дар он аз осорхонаи ин шаҳр дидан намуданд. Роҳбалади осорхона ба меҳмонон як-як бозёфтҳоро муаррифӣ ва аз тамоми нуқтаҳои таърихи куҳани ин сарзамин огоҳ кунонид.
Бешак, инҷо нисбати солҳои пеш намои тоза касб намуда, ба як ҷои диданӣ табдил ёфтааст. Гӯшаҳои нав кушода шудаанду нигораҳои нав ба намоиш гузошта шудаанд.
Сипас меҳмонон аз шаҳраки таърихии Саразм боздид намуданд. Зимни боздид меҳмонон аз таърихи панҷунимҳазорсолаи ин осорхонаи зинда, аз ҷумла аз «Маликаи Саразм» ва табаре, ки боиси кашфи инҷо шуд, огоҳӣ пайдо карда, бо муаррих Саидмурод Бобомуллоев фикрҳои худро нисбати инҷо радду бадал намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки майдони шаҳрак сад гектарро ташкил дода, аз он то ҳол танҳо 18 га аз зери хок берун оварда шудааст.
Ниҳоят, шоми 27-уми апрел дар тарабхонаи “Дурахшон”-и шаҳри Панҷакент аз тарафи бахши ҷавонони шаҳр барномаи консертии муассир пешкаши меҳмонон гардонида шуд.
Қалъаи Муғтеппа чӣ ҳол дорад?
![](https://pressa.tj/wp-content/uploads/2023/05/photo_2023-05-04_14-52-33-730x368.jpg)
28-уми апрел ҳайати ҷавонон аз Қалъаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшан дидан карданд. Дар инҷо низ дастаи ҳунарии Истаравшан меҳмононро хуш пазируфтанд.
Аз нақли директори Қалъаи Муғтеппа Мирзо Олимов бармеояд, ки инҷо таърихи беш аз 2700-сола дошта, дар давраи Куруши Кабир бунёд ёфтааст. Нахуст инҷо Курушкада ном дошта, баъди забти Искандари Мақдунӣ номи Кирополро мегирад. Баъди густариши Ислом ба хотири рабт доштанаш ба зардуштиён номи Қалъаи Муғтеппа ва дар садаҳои миёна Ӯротеппаро касб мекунад. Аз нигораҳои он мусаввараи бозсозишудаи Рухшона, канали обпарто барои меҳмонон ҷолиби таваҷҷуҳ буд. Осорхонаи он навтаъсис буда, бозёфтҳои нодире ба монанди амсилаи Рухшона ба намоиш гузошта шудаанд.
Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ
![](https://pressa.tj/wp-content/uploads/2023/05/photo_2023-05-04_14-51-22-730x349.jpg)
Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2021 бунёд ёфта, дар кишвар ягона мебошад. Сабаби маҳз дар ҳамин шаҳр кушодани ин гуна коллеҷ дар ҳунарманд будани мардуми бумии Истаравшан буда, ҳадаф зинда гардонидани ҳунарҳои мурда ва густариши ҳунарҳои зиндаи халқ мебошад.
Бинои коллеҷ аз се қабат иборат буда, бо дастранҷ ва аксу мусаввараҳои донишҷӯён ва устодони худи ҳамин боргоҳ ороиш ёфтааст.
Дар гӯшае маҷмуаи нигораҳои ҳунарҳои мардумиро ҷамъ овардаанд, ки ҷолиби таваҷҷуҳ буд. Намунаҳо аз ҳунарҳое гузошта шуда буд, ки меҳмонон аз вуҷуд доштани онҳо ҳатто бехабар буданд, ба монанди аъҷубасозӣ, утусангсозӣ, ҳунари дами оҳангарӣ.
Дар коллеҷи мазкур тамоми ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла кандакорӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, атласу адрасбофӣ, алочабофӣ, попурӣ, заргарӣ, дуредгарӣ, гаҷкорӣ, рассомӣ, наққошӣ, тоқибофӣ, кордсозӣ, оҳангарӣ, табақсозӣ, кошинкорӣ ва ғайра омӯзонида мешаванд.
Дар Хуҷанд чӣ гузашт?
![](https://pressa.tj/wp-content/uploads/2023/05/photo_2023-05-04_14-52-14-730x421.jpg)
Зуҳри рӯзи 28-уми апрел ҳайат раҳсипори Хуҷанд шуд. Нахуст меҳмононро дар меҳмонхонаи “Суғдиён” ҷой карданд. Меҳмонхона дорои шароити хуб ва хидматрасониаш дар сатҳи олӣ буд. Дар саҳни беруни меҳмонхона барои мо хон густурданд. Дар сари хон бо мо блогерони Хуҷанд ҳамроҳ шуда, андешаҳои худро бо блогерони гурӯҳи мо табодул карданд.
Субҳи 30-юми апрел дар Кохи Рӯдакӣ нишаст доир гардид. Дар нишаст сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзуҳои миллатдӯстӣ, ватанпарастӣ, арзишҳои миллӣ ва ғайра маърӯза кард. Дар охир миёни маърӯзачӣ ва аҳли нишаст саволу ҷавоб сурат гирифт.
Дар идома меҳмонон аз Қасри Арбоб дидан карданд.
Мактаби Зебунисо Рустамова
![](https://pressa.tj/wp-content/uploads/2023/05/photo_2023-05-05_08-53-53-730x373.jpg)
Баъд аз боздиди қаср меҳмононро ба мактаби камонварии Зебунисо Рустамова бурданд. Меҳмонон бо худи камонвар аз наздик шинос шуда, бо ӯ табодули андеша карданд. Мактаби мазкур бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон сохта шуда, дар он ҷавонон ҳунари камонвариро аз худ мекунанд. Меҳмононро худи Зебунисо Рустамова ба гӯшаи дастовардҳои мактаб шинос намуд. Аз он ҷумла ҳамон сарулибос ва камоне, ки соли 1976 номбурда қаҳрамон шуда буд, дар онҷо дар шакли асл нигоҳдорӣ шудаанд.
Глобуси Ҳоҷӣ Юсуфи Хуҷандӣ
![](https://pressa.tj/wp-content/uploads/2023/05/photo_2023-05-04_14-52-30-730x380.jpg)
Осорхонаи таърихии Суғд низ қобили таваҷҷуҳ буда, дар он бозёфтҳои таърихии нодир, аз он ҷумла, амсилаи глобуси Ҳоҷӣ Юсуфи Хуҷандӣ, расму русуми одамони асрҳои сангу оҳан, нигораҳои Саразм, барелеф ва гӯшаи “Зери шиша”, амсилаи “Тахти Ҷамшед”, тасвирҳо аз давраҳои Сомониён, лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ, муборизаҳои Спитамен, қаҳрамониҳои Темурмалик ва ғайра гирдоварӣ шудаанд.
Шоми ҳамон рӯз ҳайат дар тарабхонаи “Дӯстӣ” хӯроки шом хӯрда, дар ҳамин ҷо садорати гурӯҳ ба иштирокдорони форум туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
Субҳи рӯзи 30-юми апрел дар маҷлисгоҳи меҳмонхона гурӯҳ бо рӯзноманигори шинохта Субҳон Ҷалилов вохӯрданд. Номбурда дар бораи нозукиҳои журналистика ва роҳҳои тарғиби арзишҳои миллӣ тавассути шабакаҳои иқтимоӣ ва расонаҳо гуфт.
Бозгашт
![](https://pressa.tj/wp-content/uploads/2023/05/photo_2023-05-04_14-52-18-730x361.jpg)
Пас аз ҷаласаи пагоҳирӯзӣ ҳайат сафари худро ҷамъбаст карда, раҳсипори пойтахт шуд. Дар роҳ дар пояи ағбаи Шаҳристон, ки ҷои хушбоду ҳаво буд, пикник гузаронида шуд. Бо ҳамин сафари серӯзаи мо ба охир расид. Сафари хеле хотиромону пуртаассурот буд. Бинобар ин, аз Кумитаи ҷовонон ва варзиш сипосгузорӣ мекунем, ки як чунин иқдоми хуберо пеш гирифт.
Миръатулло АТОӢ, Душанбе — Суғд — Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ