Беҳбудӣ мешавад, аммо кай? Шикояти сокинон аз ширкатҳои мобилӣ

Шикояти шаҳрвандони кишвар дар мавриди сифати алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ дар ин авохир афзоиш ёфтааст. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ки вазъ ташвишовар нест ва мушкилот бартараф мешаванд. 

Ин дар ҳолест, ки шикояти муштариёни ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон як сол ба ин сӯ шабакаҳои иҷтимоиро пур кардааст.

Муовини раиси Хадамоти алоқаи кишвар Илҳомҷон Атоев ба Sputnik гуфтааст, ки мушкил дар сифати алоқа воқеан вуҷуд дорад ва ниҳодаш даҳҳо шикоят аз муштариён дарёфт кардааст, аммо ширкатҳои мобилӣ ҷиддан дар пайи рафъи он ҳастанд.

“Аммо ин маворид низ вуҷуд доранд, ки дар бархе навоҳӣ ба ин далел, ки антенаҳо ба саломатии одамон зиён доранд, аҳолӣ тақозо кард, то онҳо барчида шаванд. Масалан, дур намеравем, дар шаҳри Душанбе 18 пойгоҳро ширкатҳо маҷбуран канданд»,- гуфтааст Атоев.

Вай афзудааст, ки чун алоқа хароб шуд, дигарбора муштариён тақозо карданд, то онҳоро барқарор кунанд.

«Як сектор кор накунад, тамбашавӣ дар трафик ба вуҷуд меояд ва тамоми зӯр сари сектори дигар меафтад, ки табъан сифати алоқа паст мешавад»,- тавзеҳ додааст мақомдор.

Тибқи иттилои ӯ, то охири соли равон ба хотири беҳбуд бахшидани алоқаи мобилӣ қарор аст дар саросари Тоҷикистон 450 пойгоҳи ҷадид насб шавад, ки дар пайи ин тақсим кардани трафик содда шуда, зарфияти пойгоҳҳо ё антенаҳо боло меравад.

«Тамоми ширкатҳои мобилӣ дар ин кор саҳим ҳастанд ва ҳоло корҳо ҷараён доранд. Ниҳоди мо ин равандро назорат мекунад»,- гуфтааст муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.

Илҳомҷон Атоев гуфтааст, ки бино ба иттилои оморӣ, тайи се моҳи гузашта даромади ширкатҳои мобилӣ дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 50% афзудааст.

“Муштариамон низ дар қиёс бо семоҳаи соли гузашта афзудааст ва дар ҳоли афзудан аст”,- афзудааст вай.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, даромади ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2022 беш аз 700 млн сомониро ташкил мекард ва соли равон ин рақам ба беш аз 1 млрд сомонӣ расидааст.

Ин дар ҳолест, ки муштариёни алоқаи мобилӣ ба таври муқаррар аз сифати алоқа ва сустии интернет шикоят мекунанд. Дар аксари маворид шикояти онҳо аз ин аст, ки маблағ месупоранд, аммо хизматрасонии саҳеҳро дарёфт намекунанд.

Дар Тоҷикистон 4 ширкати мобилӣ — Тисел (бо зерширкаташ “О мобайл”), МегаФон Тоҷикистон, Зед мобайл ва Вавилон-М фаъолият мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *