Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Тӯфон

Зан ба шавҳар мегӯяд:

— Ту бо ҳамсоязан дар бораи чӣ гап мезадӣ?

Шавҳар мегӯяд:

— Ҳамту аз боду ҳаво…

Зан мегӯяд:

— Гӯш кун, муҳтарам обуҳавосанҷ! Агар бори дигар туро назди ҳамсоязан бубинам, бе огоҳӣ аз тӯфон дар зери тарма мемонӣ!

Зани шаттоҳ

Шавҳар ҳангоми моҷаро ба занаш мегӯяд:

— Худованд ба писарат чунин зани шаттоҳу ҷанҷолиро насиб гардонад!

Зан дар ҷавоб:

— Ваҳ, ту чӣ хел дилат мешавад, ки писаракамонро чунин дуои бад кунӣ?!

Сипосгузорӣ

Духтараки донишҷӯ ҳуҷҷатҳои ронандагияшро гирифта, бори аввал модарашро то хонаашон мебарад. Вақте мошин манъ мешавад, модар мегӯяд:

— Сипосгузорам!

Духтараш мегӯяд:

— Саломат бошед!

Модар мегӯяд:

— Ман аз ту не, аз Худованд сипосгузорам, ки сиҳату саломат расидам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *