Аз таҳти дил бихандед!
Тӯфон
Зан ба шавҳар мегӯяд:
– Ту бо ҳамсоязан дар бораи чӣ гап мезадӣ?
Шавҳар мегӯяд:
– Ҳамту аз боду ҳаво…
Зан мегӯяд:
– Гӯш кун, муҳтарам обуҳавосанҷ! Агар бори дигар туро назди ҳамсоязан бубинам, бе огоҳӣ аз тӯфон дар зери тарма мемонӣ!
Зани шаттоҳ
Шавҳар ҳангоми моҷаро ба занаш мегӯяд:
– Худованд ба писарат чунин зани шаттоҳу ҷанҷолиро насиб гардонад!
Зан дар ҷавоб:
– Ваҳ, ту чӣ хел дилат мешавад, ки писаракамонро чунин дуои бад кунӣ?!
Сипосгузорӣ
Духтараки донишҷӯ ҳуҷҷатҳои ронандагияшро гирифта, бори аввал модарашро то хонаашон мебарад. Вақте мошин манъ мешавад, модар мегӯяд:
– Сипосгузорам!
Духтараш мегӯяд:
– Саломат бошед!
Модар мегӯяд:
– Ман аз ту не, аз Худованд сипосгузорам, ки сиҳату саломат расидам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ