киви

Канзи шифо: Киви шифо мебахшад?

Киви дар бозори Тоҷикистон меваи нав аст. Вале дар муддати кӯтоҳ ҳамагон онро дӯст доштанд. Ин беҳуда нест, зеро киви дар баробари хушмазза будан, фоидаовар низ ҳаст.

Он барои бемориҳои системаи дилу рагҳо манфиатовар аст. Деворҳои рагҳои хунро мустаҳкам мекунад, хатари хунравиро коҳиш медиҳад, фишори хунро ба эътидол меорад. Бо шарофати калий, киви варамро пешгирӣ мекунад. Як киви дар як рӯз талаботи ҳаррӯзаи витамини С-ро таъмин мекунад — системаи масуниятро мустаҳкам мекунад, муқовиматро ба бемориҳои сироятӣ беҳтар мекунад ва барқароршавиро суръат мебахшад.

Моддаҳои пектин, ки дар киви мавҷуданд, барои рӯдаҳо хеле фоидаоваранд. Илова бар ин, кивиро барои санги гурда, камхунӣ, атеросклероз, тарбод ва дигар бемориҳо истифода мебаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *