Аз таҳти дил бихандед!
Муҳлат
Мард аз занаш мепурсад:
— Занак, дар соли нав ба ту чӣ туҳфа кунам?
Зан мегӯяд:
— Ой, мардакҷон, ман ҳоло намедонам…
Мард дарҳол мегӯяд:
— Майлаш, бароят як соли дигар муҳлат медиҳам, фикр кун.
Одат
Тифле дар дохили мошин гиря мекунад. Модараш ба ронанда мегӯяд:
— Ягон гап гуфта, ӯро тарсонед, ки хап кунад.
Ронанда ба тифл мегӯяд:
— Хап кун, вагарна очаатро мебӯсам!
Зан дар ҷавоб мегӯяд:
— Ин писари ман як одат дорад, то бо чашм набинад, бовар намекунад.
Қасос
Зан ба шавҳараш мегӯяд:
— Ман бо ту ба ҳеҷ куҷо намеравам!
Шавҳар ҳайрон шуда:
— Ин тавр бошад, барои чӣ либоси наватро пӯшида, худро орову торо додаӣ?
Зан мегӯяд:
— Барои он ки ту бубинӣ, ки чунин зебосанам ҳамроҳат ба ҳеҷ куҷо рафтан нахост.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ