толеънома

Толеъномаи 30-юми декабри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз қобилияти сарварӣ кардану атрофиёнро ба коре ҷалб намуданро пайдо месозед ва дар ҳама кор масъулият эҳсос менамоед. Баъди нисфирӯзӣ бо корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз пулро зиёд сарф мекунед. Аз тамоми шириниҳои ҳаёт лаззат бурданӣ шуда, маблағи зиёд хароҷот мекунед. Сабукфикрӣ карда, хариди беҳуда накунед, вагарна рӯзҳои наздик аз бепулӣ сахт азоб мекашед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Имрӯз ҳама чиз бароятон аҷиб намуда, бар замми фаъол шуданатон дар ҳама кор кунҷковӣ зоҳир менамоед. Атрофиён ғайриихтиёр дилашонро ба шумо кушода, сирру асрори худро фош месозанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба назаратон чунин менамояд, ки корҳоятон худ ба худ роҳи ҳалли худро пайдо месозанд. Вале ин маънои онро надорад, ки ягон монеа садди роҳатон намегардад. Ба ташвишҳо нигоҳ накарда, барои идҳои солинавӣ омодагӣ бинед.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи хубест барои рафъ намудани бемориҳо. Агар табобати интихобнамудаатон фоида набахшад, усули дигарро интихоб намоед. Барои ором сохтани асабҳо бегоҳирӯзиро дар танҳоӣ гузаронед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз орзуҳои деринаи худро амалӣ кардан мехоҳед. Муваффақият дар корҳои тиҷоратӣ ва корӣ аз он вобастагӣ дорад, ки шумо то кадом андоза аз шиносҳоятон истифода бурда метавонед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бегонаҳоро ба нақшаҳои худ ҷалб насохта, даҳони худро аз сергапӣ нигоҳ доред, вагарна ба худатон зарар мерасонед. Давутози зиёд ба саломатиятон беасар намемонад, аз ин лиҳоз, бештар витамин истеъмол намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аз ҳар чизе, ки садди роҳи пешравию рушд ёфтанатон мегардад, худдорӣ намоед, он гоҳ ба осонӣ ба мақсад мерасед. Шармгиниро аз худ дур намоед. Шумо шахси боҳунару сазовори зиндагии беҳтар ҳастед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз мушкилиҳои зиёд меорад, хусусан дар робита бо атрофиён. Боэҳтиёт бошед, имрӯз имкони рух додани муноқишаву ранҷидани наздиконатон зиёд аст. Барои он, ки рӯзро оромона паси сар намоед, аз танқид худдорӣ намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи пур аз рӯйдод аст. Бо сабабҳои ногаҳонӣ муноқишаву низоъ зиёд мешавад. Ба нафаре некӣ карданӣ шуда, ҷавоби рад мешунавед. Эҳтимоли рух додани садама, корношоям шудани техника, вайрон шудани нақлиёт зиёд аст.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз нисбати ҳамсуҳбату ҳамсафарони худ бодиққат бошед. Ба коре, ки зарараш ба шумо намерасад, даст назанед ва ин амалро имрӯзу фардо ва чанд рӯзи дигар риоя намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ба ҳар гапу кори атрофиён асабиёна ҷавоб надиҳед. Бисёр корҳо дар сари эҳсос рух медиҳанд, вале ин ба шумо дахл надорад. Агар роҳу равиши корро аз худ намоед, даромадатон дучанд мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *