Аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо беш аз 2 миллиард сомонӣ ба буҷет баргашт

13 феврали соли 2026 раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ба ҳолати 1 январи соли 2026 бақияи қарзи андозҳо дар ҷумҳурӣ 1 миллиарду 91,7 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба аввали соли 2025 ба маблағи 351,5 миллион сомонӣ зиёд шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади рӯёнидани қарзҳои андозӣ ва пешгирӣ аз афзоиши онҳо нисбат ба андозсупорандагони қарздор 16,5 ҳазор қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 1 миллиарду 914,3 миллион сомонӣ қабул гардидааст. Аз ҳисоби ин қарорҳо ва қарорҳои дар соли 2024 қабулшуда, дар маҷмуъ ба буҷети давлатӣ 2 миллиарду 16,4 миллион сомонӣ ворид карда шудааст.

Ҳамзамон, дар соли 2025 аз ҷониби мақомоти андоз 23,7 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ ошкор гардидааст. Қонунвайронкуниҳо асосан ба фаъолияти соҳибкорӣ бидуни қайд дар мақомоти андоз, риоя накардани муҳлати пешниҳоди эъломияҳои андозӣ, истифодаи нодурусти дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ ва рамзгузории электронии молҳо, инчунин сари вақт тартиб надодани санади муқоисавӣ бо мақомоти андоз марбут мебошанд.

Нисбат ба шахсони дахлдор ба маблағи умумии 115 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби ҷаримаҳои солҳои қабл зиёда аз 100 миллион сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *