Дар Ӯзбекистон фаъолияти ташкилоте, ки наздик ба 20 ҳазор шаҳрвандро ғайриқонунӣ ба ҳаҷӣ умра фиристода буд, фош ва корашро қатъ карданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон, паси ин нақша савдои ғайрирасмии сайёҳӣ қарор дошт, ки зери номи ширкати “Жалолқудуқ Авиатранс” фаъолият мекард.

Нақши калидиро дар ташкил кардани сафарҳои ғайриқонунӣ ҳаҷи умра  зани 41-солаи зодаи вилояти Андиҷон бозидааст. Ӯ бо ташкил кардани агенти ғайриқонунии сайёҳи тавонистааст, ки 19,5 ҳазор шаҳрвандро бо фиреби рафтан ба ҳаҷи умра ҷалб кунад.

 Сафи хоҳишмандон ба сафари ҳаҷӣ умра дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои пешина зиёд шудааст. Аксари ҳолат шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам барои арзон будани нархи сафар ба самти Арабистони Саудӣ аз ширкатҳои Ӯзбекистон истифода мебаранд, ки гоҳе ба чунин ҳолат гирифтор мешаванд. Ин гуна ҳолати фиреб аз ҷониби ширкатҳои ӯзбекистонӣ чанд маротиба расонаи ҳам шуда буд. Вале ҳамоно ширкатҳои Ӯзбекистон  мақсади асосии сафари ҳаҷи умраи  тоҷикистониён боқи мондааст.

Дар Тоҷикистон танҳо ниҳоде, ки барои сафар ба ҳаҷи умра шаҳрвандонро мефиристад ин Кумитаи дин  мебошад. Бар асоси оморҳои расмӣ нархи сафари ҳаҷӣ умра дар соли 2025 ба 56,800 сомонӣ баробар аст. Дар ҳоле, ки сафари ҳаҷӣ умра бо ширкатҳои Ӯзбекистон ба ҳазор доллар баробар мебошад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *