Аъзам Ализода: Дар Мастчоҳ ҷинояткорӣ кам шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ давоми соли 2024-ум 173 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳолат кам мебошад.
Дар ин бора раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон низ бамаротиб кам шудааст. Агар соли 2023-юм 15 ноболиғ даст ба ҷиноят зада бошанд, соли 2024-ум 12 ҳолат ба қайд гирифта шуд, ки 3 ҷиноят кам мебошад.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ фоизи кушодашавии ҷиноятҳо дар қиёс бо соли 2023-юм афзуда, 93,1%-ро ташкил додааст.
Дар мавриди шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ низ иттилоъ дода шуд, ки давоми як соли охир аз тарафи ноболиғон ва ҷавонон шомилшавӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Танҳо як сокини 40-солаи ноҳия барои пайваст ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ боздошт ва ҳабс шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ