Ба истифода додани 3 гидроагрегати нерӯгоҳи Қайроқум дар шаҳри Гулистон
20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, дар шаҳри Гулистон бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати нерӯгоҳи Қайроққумро мавриди истифода қарор доданд.
Дар доираи лоиҳа 6 гидроагрегат ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори истеҳсол дар он 60 МВт зиёд карда шуд.
Неругоҳ аз 6 гидроагрегат иборат буда, охирини он соли 1956 бо тавоноии лоиҳавии 21 МВт ба кор дароварда шуда буд.
Дар тули 69 соли фаъолият, гидроагрегат ва дигар таҷҳизоти асосии неругоҳ куҳна шуда, иқтидори истеҳсолии он то 12 МВт коҳиш ёфта буд.
Қабл аз оғози корҳои навсозӣ истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар неругоҳ 650 млн. кВт. соатро ташкил медод. Пас аз навсозии 6 гидроагрегати неругоҳ ва пайваст намудани он ба шабакаи барқи, иқтидории истеҳсол ба 900 млн.кВт. соат расонида шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ