Баҳси Қарабоғ дар суҳбаи се президент

Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон ва Серж Саргсян, президенти Арманистон барои ҳалли низои Қарабоғи Куҳӣ дар Санкт-Петербург мулоқот карданд.

Дар вохурӣ инчунин Владимир Путин, президенти Русия ҳам ҳузур дошт. Ин мулоқоти дувуми раҳбарони Озарбойҷону Арманистон баъди эълони оташбаси моҳи апрел дар натиҷаи даргириҳои мусаллаҳонаи чаҳоррӯза дар Қарабоғи Куҳӣ аст.

Ба гуфтаи Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, ҳар се ҷониб дар изҳороти муштараки худ омодагияшон барои ба эътидол овардани вазъро баён карда, дар бораи афзоиши шумори нозирони САҲА низ созиш кардаанд. Аз ин пеш, Алиев ва Саргсян моҳи май дар Вена мулоқот карда буданд.

Ҷудоихоҳоне, ки аз сӯи Арманистон пуштибонӣ мебинанд, дар охири солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-и асри гузашта мустақилияти минтақаро эълон карданд. Дар Қарабоғ бештар арманиҳо сукунат доранд. Талошҳои дипломатӣ дар ҳалли ин низоъ таъсири хеле кам доштаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.