Ба Темур Раҳимов дар ноҳияи Рӯдакӣ хона ва 20 000 сомонӣ туҳфа карданд
Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ ба Темур Раҳимов, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 хонаи истиқоматӣ ва 20 000 сомонӣ туҳфа кард. Хонаи истиқоматӣ дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир аст.
Аз номи мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ ба мураббии Темур Раҳимов ҷоизадори Бозиҳои олимпии Париж-2024 Суҳроб Абдураҳмонов низ ба андозаи 10 000 сомонӣ супорида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Темур Раҳимов дар баробари қадрдонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин, аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла хонаву мошин ба мавлағи калони пулӣ қадрдонӣ гардида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ