Баъди 10 соли зиндон боз ҷиноят кардааст

 Амриддин Бутаков, сокини ноҳияи Панҷ худро корманди Вазорати кишоварзӣ ва ширкати “Агролизинг” муаррифӣ карда,  дар ҳашт ҳолат аз мардум беш аз 730 ҳазор сомониро тасарруф намудааст.

 Ӯ ҳамчун гумонбар дар содир намудани силсилаҷиноятҳои қаллобӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш дастгир шудааст.

Ба иттилои расида, пеш барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ, тибқи моддаи 247 қисми 4 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 10-сол аз озодӣ маҳрум гардида,  соли 2021 ба озодӣ баромадааст.

Амриддин Бутаков бо ному насаби сохта дар байни мардум худро корманди Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ширкати «Агролизинг»-и шаҳри Душанбе муаррифӣ намудааст. Ӯ худро шахси масъулу мансабдори давлатӣ доир ба хариду фурӯши таҷҳизоти техникии хоҷагии қишлоқ муаррифӣ карда, бо ин роҳ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо маблағи калон мегирифтааст.

Аз лаҳзаи дастгиршавӣ то ҳол дар тафтишот 8 ҳолати ҷинояти қаллобии дастгиршуда Амриддин Бутаков ошкор шудааст. Ӯ ба ин амалаш ба шаҳрвандон 732 000 сомонӣ зарар расонидааст.

Ҳоло нисбат ба Бутаков Амриддин Исматович 16.09.1979 соли таваллудаш, сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати деҳоти Меҳвар, деҳаи Панҷоб  бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

 Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз шаҳрвандон хоҳиш  намудааст, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқу манфиатҳои молиявӣ аз ҷониби дастгиршуда Амриддин Бутаков  ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш (+992938241111) муроҷиат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *