Бадмастдухтари 15 сола марди мастро ба 960 сомонӣ “шинонд”

Тавре ВКД хабар додааст, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия духтарбачаи ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 237 қисими 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 3-юми апрели соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ, дар бозорчаи маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бо роҳи ошкоро бо истифодаи зӯроварӣ аз кисаи болопӯши (курткаи) марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, ки ӯ низ дар ҳолати мастӣ қарор дошт, 960-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *