Беш аз 11,5 ҳазор қарздор аз ҳаққи сафар маҳрум шуданд
Соли гузашта 11 ҳазору 553 нафар, ки номашон дар феҳристи қарздорони Хадамоти иҷро қарор дошт, натавонистанд аз ҳудуди кишвар берун шаванд.
Дар ин бора 10-уми феврали соли равон раиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин рақам нисбат ба соли 2024-ум 7 ҳазору 579 нафар зиёд мебошад.
Дар нишаст таъкид шуд, ки маҳдуд гардидани ҳуқуқи сафар барои қарздорон натиҷаи мусбат додааст. Танҳо дар соли 2025-ум 2 ҳазору 156 нафар аз қарздорон пас аз ҷорӣ шудани маҳдудият қарзҳои худро пардохт намудаанд.
Ҳаҷми умумии маблағи пардохтшуда 33 миллиону 18 ҳазору 575 сомонӣ, 108 ҳазору 560 доллар (беш аз 1 миллиону 18 ҳазор сомонӣ) ва 1 ҳазору 736 рубли белорусиро ташкил медиҳад.
Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2024-ум ҳам аз лиҳози шумора (341 нафар бештар) ва ҳам аз ҷиҳати маблағ – 12 миллиону 109 ҳазору 393 сомонӣ, 74 ҳазору 316 доллар ва 1 ҳазору 736 рубли белорусӣ афзоиш ёфтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ