Беш аз 15 ҳазор донишҷӯ ва ихтисосҳои нави замонавӣ дар ДДТТ
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино шумораи донишҷӯён ба 13 ҳазору 860 нафар расида, бо назардошти мутахассисони таҳсилоти баъдидипломӣ теъдоди умумии муҳассилин 15 ҳазору 766 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Муҳиддин Нуриддин иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар донишгоҳ 5 факултет, 63 кафедра, аз ҷумла 37 кафедраи клиникӣ, 12 маркази таълимӣ ва Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ фаъолият менамоянд. Раванди таълим бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Зикр гардид, ки теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ низ сол ба сол меафзояд. Айни ҳол дар донишгоҳ 1645 нафар шаҳрвандони 28 давлати ҷаҳон таҳсил менамоянд.
Дар нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Муҳиддин Нуриддин иттилоъ дод, ки соли гузашта бо назардошти талаботи соҳаи тандурустӣ ду ихтисоси нав-«Биохимияи клиникӣ» ва «Психологияи тиббӣ» таъсис ёфт. Ҳамчунин, истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ, симуляторҳои тиббӣ, платформаҳои рақамӣ ва унсурҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим вусъат ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ