Беш аз 480 ҳазор сомонӣ кумак ба оилаҳои осебдида аз заминларза дар Рашту Тоҷикобод
Ширкати “Тоҷиксуғурта” ба 195 хонаводаи осебдида аз заминларзаи охир дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дар маҷмӯъ 483,5 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ба 34 хонаводаи пурра осебдида 5 ҳазор сомонӣ, ба 72 хонаводаи қисман осебдида 2,5 ҳазор сомонӣ ва ба 89 хонаводаи бо зарари сабук 1,5 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом кӯмак расонида шудааст.
Инчунин, барои 19 хонаводаҳо бе сарпаноҳмонда деҳаи Зарангаки ҷамоати Ҳиҷборак 2,8 гектар замин ҷудо гардида, тақсим шудааст.
Ҳамзамон, Агентии захираҳои моддӣ ба 70 оилаи зарардида маводи озуқа ва 500 сомонӣ кӯмакпулӣ додааст. Арзиши умумии ин кӯмакҳо 35 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.
Ба гуфтаи мақомот, корҳои бартарафсозии паёмадҳои заминларза дар минтақаҳо идома доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ